Анҷумани ҲХДТ : «Мо бо Шумоем, Пешвои бузург!»

Аваз Юлдошев

Дар анҷумани имрӯзаи пешазинтихоботии ҲХДТ баъди суханронии вакилон ва якдилона ҷонибдорӣ кардан аз номзадии раиси ҳизб, президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни анҷуман бо овози баланду бурро ҳарфҳои «Мо бо Шумоем, Пешвои бузург!»-ро ба забон меоварданд. Зимни суханронӣ назди вакилон раиси бахши вилоятии ҲХДТ дар ВМКБ Ҷонибек Қозибеков зикр кард, ки «обрӯву нуфузи бенуқсони ҲХДТ дар […]


Дар анҷумани имрӯзаи пешазинтихоботии ҲХДТ баъди суханронии вакилон ва якдилона ҷонибдорӣ кардан аз номзадии раиси ҳизб, президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни анҷуман бо овози баланду бурро ҳарфҳои «Мо бо Шумоем, Пешвои бузург!»-ро ба забон меоварданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон раиси бахши вилоятии ҲХДТ дар ВМКБ Ҷонибек Қозибеков зикр кард, ки «обрӯву нуфузи бенуқсони ҲХДТ дар ҷомеаи Тоҷикистон, пеш аз ҳама ба обрӯву нуфузи Пешвои бузург Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст, ки ҳанӯз ахири қарни гузашта аз он бархӯрдор гардида, Бадахшонро дарвозаи тилоии Тоҷикистон номида буд».

Қозибеков изҳор намуд, ки андешаи бархе дар бораи имрӯз аз ҷониби як қисмате аз ҷавонони ВМКБ дастгирӣ нашудани сиёсати Э.Раҳмон дурӯғи маҳз аст.

Директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент Нурӣ Худоёрова зимни суханрониаш қайд кард, ки имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки «солҳои сари мансаб будани Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон марҳидаи тилоии таърихи марддуми тоҷик аст». Тамоми маърӯзачиён хизматҳои бузургу шоистаи Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистон ва ноил гардидан ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардумро таъкид доштанд.

Имрӯз вакилони анҷумани ҲХДТ якдилона номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби президенти ояндаи мамлакат пешниҳод намуданд. Дар сурати пирӯзии навбатии Эмомалӣ Раҳмон, ин муҳлати чоруми дар мансаби сарвари давлат қарор доштани ӯ хоҳад буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.