Анҷоми сохтмони низоми нақбии обгир дар Кӯлоб

Сохтмони низоми нақбии 300-метра дар мавзеи нави обгири «Ҷангалак» дар Кӯлоб ба итмом расид. Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Озод Ҳасанов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки ҳадафи аслии амалисозии ин лоиҳа таъмини бехатарии обҳои чашмаҳоест, ки ба шаҳр интиқол меёбанд, зеро сокинони деҳоти наздисоҳилӣ натанҳо аз оби чашмаҳои кушод барои эҳтиёҷоти худ […]

Турко Дикаев


Сохтмони низоми нақбии 300-метра дар мавзеи нави обгири «Ҷангалак» дар Кӯлоб ба итмом расид.

Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Озод Ҳасанов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки ҳадафи аслии амалисозии ин лоиҳа таъмини бехатарии обҳои чашмаҳоест, ки ба шаҳр интиқол меёбанд, зеро сокинони деҳоти наздисоҳилӣ натанҳо аз оби чашмаҳои кушод барои эҳтиёҷоти худ истифода мекарданд, балки ин мавзеҳоро ба як макони либосшӯиву мошиншӯӣ ва партовгоҳ табдил дода буданд.

Ба гуфтаи ӯ, бо амалисозии лоиҳаи мазкур, ки 1,5 млн. доллари ИМА арзиш дошта, аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) тавассути Бонки аврупоии таҷдиду рушд маблағгузорӣ шуд, акнун оби аксари чашмаҳои канори шаҳр ба як маҷро бо низоми нақбӣ муттаҳид гардида, корҳои ба ин низом пайвастани маҷрои оби дигар чашмаҳои ин мавзеъ идома хоҳанд ёфт.

Ҳасанов ҳамчунин изҳор кард, ки айни замон аз мавзеи обгири «Ҷангалак» шабонарӯзӣ ба шаҳр то 7 метри мукааб ё худ 30% аз талаботи умумӣ оби тозаи чашмаҳо интиқол дода шуда, бо васли тамоми чашмаҳо ба низоми нақбӣ ин нишондиҳанда то 70% зиёд мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.