Раиси Думаи давлатӣ бо Раҳмон гуфтушунид ва аз пойгоҳи 201-ум боздид мекунад

Раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин шоми 6-уми октябр бо сафари дурӯза расмӣ ба Душанбе ташриф меорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод. Ба қавли ӯ, субҳ С.Наришкин назди пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, сипас бо раисони ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон – Маҳмадсаид Убайдуллоев […]

Аваз Юлдошев


Раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин шоми 6-уми октябр бо сафари дурӯза расмӣ ба Душанбе ташриф меорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Ба қавли ӯ, субҳ С.Наришкин назди пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, сипас бо раисони ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон – Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид мекунад. «Нимаи дуюми рӯз раиси Думаи давлатии Русияро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад», – иброз дошт номбурда.

Султонов ҳамчунин изҳор кард, ки тибқи барномаи сафар Наришкин аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон низ боздид хоҳад кард. Дар ин муассисаи таълимӣ ба ӯ унвони доктори фахрии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон супурда мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки шоми рӯзи 7-уми октябр раиси Думаи давлатии Русия аз Душанбе ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек раҳсипор мегардад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.