Н.Зоҳидов: Бунёди долонҳои нақлиётӣ ба рушди Тоҷикистону тамоми минтақа суръат мебахшад

Имрӯз дар шаҳри Бишкек роҳбари ҳайати Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов дар маросими кушодашавии 7-умин Анҷумани ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, роҳбари ҳайати Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳамкории зич ва таъсирбахши кишварҳои Анҷуман дар соҳаҳои гуногун гарави якдигарфаҳмӣ ва наздикшавии […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар шаҳри Бишкек роҳбари ҳайати Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов дар маросими кушодашавии 7-умин Анҷумани ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, роҳбари ҳайати Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳамкории зич ва таъсирбахши кишварҳои Анҷуман дар соҳаҳои гуногун гарави якдигарфаҳмӣ ва наздикшавии халқҳо мебошад ва аз ин лиҳоз, Анҷумани мазкур ҳамеша аз ҷонибдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор аст.

«Барои Тоҷикистон, ки кишвари рӯ ба инкишоф аст ва роҳи баромад ба баҳр надорад, ҳалли мушкилоти баромадан аз бунбасти нақлиётӣ-коммуникатсионӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Бунёди долонҳои нақлиётии боэътимод ва бехатар, ки хароҷоти интиқоли молро ба маротиб кам мекунад, ба суръати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии на фақат Тоҷикистон, балки тамоми минтақа таъсиргузор хоҳад буд», – таъкид сохт Н. Зоҳидов.

Қайд карда шуд, ки Анҷуман ба саҳнаи муҳим ҷиҳати муколама байни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ мубаддал мегардад. Н. Зоҳидов инчунин ба иштироккунандагон дар бораи вазъи иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, рушди батадриҷи он, имкониятҳои сармоягузорӣ, пояи меъёрӣ-ҳуқуқии мавҷуда ва дастовардҳои солҳои охир маълумот дод.

Муовини вазир ҳамкориҳои имрӯзаи Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва дигар бахшҳо ҳамаҷониба арзёбӣ намуд. Ӯ ба тамоюли зиёдшавии шумораи донишҷӯёни Тоҷикистон, ки забони кореягиро меомӯзанд, ишора намуд.

Таъкид гардид, ки ба шарофати барномаҳои Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) мутахассисон аз Тоҷикистон имконият доранд, то бо ҳамкасбони худ дар Ҷумҳурии Корея табодули таҷриба намоянд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки байни кишварҳо имкониятҳои васеи истифоданашуда дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, саноати коркард ва сабук, ҷалби сармоя ба бахшҳои мошинсозӣ, саноати электронӣ ва металлургияи ранга, рушди телекоммуникатсия, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва соҳаи гидроэнергетика мавҷуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.