Суд даъвои модари Шодиеви фавтида оид ба ҷуброни зиёнро баррасӣ мекунад

ASIA-Plus

Имрӯз дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии аризаи даъвогиии модари Баҳромиддин Шодиев, ки дар шуъбаи милисаи пойтахт эҳтимол бо сабаби шиканҷа ба ҳалокат расида буд, дар бораи ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор $) баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат Гулчеҳра Холматова хабар […]


Имрӯз дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии аризаи даъвогиии модари Баҳромиддин Шодиев, ки дар шуъбаи милисаи пойтахт эҳтимол бо сабаби шиканҷа ба ҳалокат расида буд, дар бораи ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор $) баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат Гулчеҳра Холматова хабар дод, дар мурофиа ба сифати ҷавобгарон кормандони Вазорати корҳои дохилии ҶТ Х.Бадалов ва Х.Оймаҳмадов ва ҳамчунин ба сифати ҳамҷавобгарон панҷ нафар аз РВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҳузур хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи адвокат, даъво аз ҷониби модари Шодиев нахуст ба суди ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод гардида буд, вале чун ҷавобгар – ВКД дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонӣ воқеъ аст, баррасии даъво ба дӯши суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ вогузор шуд.

Ҳанӯз

моҳи феврали соли равон

бо ҳукми суд собиқ муфаттиши Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдураҳмон Додов ба хунукназарӣ  зоҳир намудан, ки ба марги маҳбус Баҳромиддини Шодиев боис гардид, гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 2 соли зиндон бо адои ҷазо дар муассисаи сукунат маҳкум карда шуд.

Қобили зикр аст, ки ин таҷрибаи нахустини судӣ оид ба баррасии даъвои ҷуброни зарари молӣ аз ҷониби наздикони боздоштшудагон нест. Моҳи марти соли суд ВКД-ро ба пардохти ҷуброн дар ҳаҷми 46,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор $) ба ҳамсари сокини Душанбе Сафаралӣ Сангов водор намуд, ки ба қавли хешовандонаш бар асари лату кӯб ва шиканҷа дар шуъбаи милиса фавтида буд.

Ҳамчунин ҳамсари Исмоил Бачаҷонов, ки соли 2011 бар асари лату кӯб дар тавқифгоҳи Вазорати адлия ба ҳалокат расида буд, аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати мазкур дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ (беш аз 6 ҳазор $) ҷубронпулӣ гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.