Фонди ҳамёрии глобалӣ баҳри дастгирии низоми маориф 16 млн. $ ҷудо мекунад

Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив ҷиҳати маблағгузории чаҳорум Гранти Фонди ҳамёрии глобалӣ дар соҳаи маориф созишномаро ба имзо расониданд . Тавре аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе хабар доданд, ҳадафи умумии гранти мазкур, ки аз $16,20 миллион доллари ИМА иборат аст мусоидат дар такмилдиҳии низоми маълумоти […]

ASIA-Plus


Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив ҷиҳати маблағгузории чаҳорум Гранти Фонди ҳамёрии глобалӣ дар соҳаи маориф созишномаро ба имзо расониданд

.

Тавре аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе хабар доданд, ҳадафи умумии гранти мазкур, ки аз $16,20 миллион доллари ИМА иборат аст мусоидат дар такмилдиҳии низоми маълумоти томактабӣ ва умумӣ дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани иқтидори низом баҳри дастгирии ислоҳот дар соҳаи маъориф арзёбӣ мегардад.

«Лоиҳа ба дастовардҳои як қатор лоиҳаҳое, ки аз соли 2006 инҷониб дар Тоҷикистон аз ҷониби Фонди ҳамёрии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) маблағгузоршуда, ки қаблан бо номи лоиҳаи “Ташаббуси маълумот барои ҳама”-и Фонди Каталитикӣ маъруф буд, такя мекунад», – зикр мегардад дар иттилоияи намояндагии бонк.

«Ҳадафи ин лоиҳаи фарогир аз таъмини кӯдакони Тоҷикистон, бахусус онҳое, ки нодида гирифта шудаанд, аз он ҷумла духтарон, ақаллиятҳои этникӣ, кӯдакони деҳот ва маъюб бо имконияти расидан ба ҳадафҳои худ дар таҳсилот ҷиҳати дар оянда ноилгардӣ ба рушду муваффақият иборат аст, гуфт Марша Олив, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. – Бонки ҷаҳонӣ омода аст минбаъд рушду нумӯи соҳаи маорифро дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар ҳамёрони рушд дастгирӣ намояд».

Ба ҳайси муассисаи масъули идоракунии грантҳои GPE дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ дар дастгирӣ намудани Вазорати маориф ҷиҳати омодакунӣ ва татбиқи лоиҳаҳои тавассути GPE маблағгузоришуда дар ҳамкории зич бо ҳамёрони рушд дар Тоҷикистон, ба монани ЮНИСЕФ (созмони пешбари ҳамоҳангсоз дар соҳаи маориф), Бунёди Оғохон, Комиссияи Аврупо, GIZ ва USAID мақоми намоёнро ишғол мекунад.

Айни замон сандуқи фаъоли Бонки ҷаҳонӣ аз 12 лоиҳа бо маблағи умумии $205,9 миллион доллари ИМА иборат аст. Ҳиссаи азимтарин ба соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот (40%), баъдан таъмини об ва беҳдошт (15%), рушди инсон (14%), энергетика (13%), бахши давлатӣ (12%) ва бахши хусусӣ (6%) рост меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.