Зуҳуров бо ҳайати Русия масоили ҳамкориҳо дар доираи ИДМ-ро баррасӣ кард

Аваз Юлдошев

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҳайати комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсонро ба ҳузур пазируфт. Ин ҳайатро раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба масоили тандурустӣ Сергей Калашников роҳбарӣ мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони […]


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҳайати комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсонро ба ҳузур пазируфт. Ин ҳайатро раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба масоили тандурустӣ Сергей Калашников роҳбарӣ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои парлумони Тоҷикистон бо АБП ИДМ баррасӣ шуданд. «Зуҳуров таъкид дошт, ки таҳкими робитаҳио вакилони парлумони кишвар бо ҳамтоҳои худ аз давлатҳои собиқи шӯравӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки парлумони Тоҷикистион аст», – гуфт котиби матбуотии парлумон.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишасти навбатии Комисияи доимии АБП ИДМ оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон баргузор гардид , ки дар он масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ байни парлумонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳод, истифода аз таҷрибаи якдигар, шиносоӣ бо раванди таҳия ва қабули қонунҳо дар парлумонҳои ҷумҳуриҳои аъзои ин иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Вакилони аъзои Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон дар ин нишаст, ҳамчунин роҷеъ ба аҳамияти як қатор қонунҳои моделӣ, аз ҷумла «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон» , «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» (таҳрири нав) ва ғайра табодули назар намуданд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз ҷаласа ба итмом расида, нимаи дуюми рӯз меҳмонон аз шаҳри Норак ва қалъаи Ҳисор боздид мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ