Кормандони «Дасти ёрӣ» нофаҳмиашон бо кормандони БДА-ро эътироф карданд

Кормандони созмони хайрияи «Дасти ёрӣ» Комил Арешов, Комрон Асозода ва Тоҳир Холов, ки қаблан барои майдаавбошӣ мутобиқи қонун ба панҷ шабонарӯзи ҳабс маҳкум шуда буданд, рӯзи 3-юми октябр тавассути телевизиони «Сафина» суханронӣ намуда, иқрор шуданд, ки миёни онҳо ва кормандони БДА нофаҳмӣ рух дод. Комил Арешов ҳамчунин изҳор намудааст, ки ӯ ва ҳамкоронаш автомашинаро дар […]

ASIA-Plus


Кормандони созмони хайрияи «Дасти ёрӣ» Комил Арешов, Комрон Асозода ва Тоҳир Холов, ки қаблан барои майдаавбошӣ мутобиқи қонун ба панҷ шабонарӯзи ҳабс маҳкум шуда буданд, рӯзи 3-юми октябр тавассути телевизиони «Сафина» суханронӣ намуда, иқрор шуданд, ки миёни онҳо ва кормандони БДА нофаҳмӣ рух дод.

Комил Арешов ҳамчунин изҳор намудааст, ки ӯ ва ҳамкоронаш автомашинаро дар ҷойи барои таваққуфи ммошинҳо манъ нигоҳ дошта, бар асари он миёни онҳо ва кормандони БДА муноқиша ба вуқӯъ пайвастааст.

Қаблан дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сардори ШКД Маҳмадхолн Мирзоев дар ин робита чунин гуфта буд: «Зимни гузаштани корвони автомашинаҳои президент, онҳо натанҳо  талаботи кормандони моро нодида гирифтанд, балки онҳоро мавриди таҳқир ҳам қарор доданд. Агар гӯянд, ки онҳро кормандони мо  лату кӯб кардаанд, пас бигзор натиҷаҳои ташхисро пешниҳод намоянд».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи боздошт Комил Арешов дар саҳифаи фейсбукиаш дар мавриди ин қазия иброз дошта буд, ки кормандони БДА онҳоро ғайриқонунӣ боздошт намуда, мавриди лату кӯбу таҳқир ва дашном қарор додааанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти имрӯзаи бахши тоҷикиии сомонаи

радиои «Озодӣ»

, Комил Арешов, бо тақозои Шӯрои амрикоӣ дар Душанбе як рӯз пеш аз мӯҳлат аз ҳабс озод шуда, алакай ба Амрико сафар кардааст. Гуфта мешавад, ҳамтақдирони Комил Арешов аз созмони “Дасти ёрӣ” Комрон Асозода ва Тоҳир Холовро рӯзи 3 октябр мақомот аз боздошгоҳи муввақати шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мошин хона ба хона бурдаанд, то ки бо хабарнигорон рӯбарӯ наоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.