“Ифротгароӣ танҳо масъалаи амният нест”. Нашри китоби нави “Тоҷикистон дар пешорӯйи чолишҳои ифротгароӣ”

Натиҷаи пажӯҳиши 15-солаи ду коршиноси тоҷик дар робита ба масоили ифротгароӣ.

Меҳрофарин Наҷибӣ, asia+

Китоби нави “Тоҷикистон дар пешорӯйи чолишҳои ифротгароӣ” дар муаллифии Рустам Азизӣ ва Шералӣ Ризоён, ду коршиноси тоҷик ба чоп расидааст.

Ба гуфтаи Рустам Азизӣ, ин китоб ба мавзӯи шинохт ва пешгирии ифротгароӣ дар шароити Тоҷикистон равона шуда, он дар асоси пажӯҳишҳои дафтарӣ ва таҷрибӣ таҳия гардида, натиҷагирии кори муаллифон дар солҳои 2010-2025 мебошад.

“Дар китоб таҳлили гуфтумони пешгирии ифротгароӣ дар стратегияҳои Тоҷикистон ва дар санадҳои барномавии Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон оварда шуда, рӯйкарди созмонҳои байналмилалӣ низ шиносоӣ гардидаанд. Муҳимтарин гуфтумонҳо дар фазои расонаӣ ва илмии Тоҷикистон дар самти пешгирии ифротгароӣ баррасӣ шудаанд ва шарҳи мухтасари афзоиши андешаҳои ифротӣ дар кишвар ва вижагиҳои шинохту падидоршавии он шиносоӣ мегардад”, – навиштааст ӯ.

Вай афзудааст, дар китоби мазкур арзёбии ифротгароии онлайн ва дурнамои муқовимат бо он, ҳамчунин тарғиботи созмонҳои ифротӣ дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ ва кейсҳои воқеӣ аз Одноклассники, Facebook ва Instagram таҳлил гардидаанд.

“Мо кӯшиш кардем аз қолабҳои маъмулии “ҳама чиз зери назорат аст” берун бароем. Бештар савол гузорем, камтар ҷавобҳои омода диҳем. Чунки ифротгароӣ – ин танҳо масъалаи амният нест, ин оинаи худи ҷомеа аст”, – гуфтааст Рустам Азизӣ.

Инчунин, ба қавли ӯ, арзёбии мухтасари самаранокии чораҳои пешгирикунии мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва байналмилалӣ анҷом гардидааст. Вазъ ва дуроҳиҳои офиятбахшӣ ва барқарорсозии баргаштагон дар кишвар баррасӣ шуда, чолишу фурсатҳо дар пайи тағйири рӯзномаи ҷаҳонии муқовимат бо овардани сенарияҳои эҳтимолӣ шиносоӣ мешаванд.

Китоб ба пажӯҳишгарони илмҳои фалсафа, сиёсӣ, ҷомеашиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, диншиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, идоркунии давлатӣ, оянданигарии сиёсӣ, инчунин, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, расонаҳо ва ба доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.

Ин китоб ҳоло дар фурӯшгоҳҳои “Китобкада” ва “Хирад Books” дастрас аст.

Бояд гуфт, ки ифротгароӣ дар даҳсолаи охир ба яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ на танҳо дар Тоҷикистону минтақа, балки саросари ҷаҳон табдил шудааст. Дар пайи таблиғоти идеологияҳои тундрав, ки аксаран тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд, садҳо ҷавон ба доми фиреби мубаллиғон меафтанд.

Бисёре аз ин ҷавонон бо ҷурми узвият дар созмонҳои террористӣ ва иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи хориҷӣ маҳкум ва зиндонӣ шуданд.

Чӣ хел ҷавонони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд ва чӣ гуна метавон худро ҳифз кард? Дар ин бора дар ин матлаби мо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.