Умедворӣ ба дар моҳи октябр бекор шудани боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии Русия

Заррина Эргашева

Дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон умедворанд, ки аллакай то ахири моҳи октябр Русия пардохти боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтиаш ба ҷумҳуриро бекор месозад. Бозори сӯзишвории Тоҷикистон имрӯз комилан ба воридот вобаста буда, дар ҷумҳурӣ мавриди амал қарор гирифтани созишнома миёни Тоҷикиситону Русия дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикисион бидуни пардохти боҷи содиротиро […]


Дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон умедворанд, ки аллакай то ахири моҳи октябр Русия пардохти боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтиаш ба ҷумҳуриро бекор месозад.

Бозори сӯзишвории Тоҷикистон имрӯз комилан ба воридот вобаста буда, дар ҷумҳурӣ мавриди амал қарор гирифтани созишнома миёни Тоҷикиситону Русия дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикисион бидуни пардохти боҷи содиротиро интизорӣ доранд. Санаи 6-уми феврали соли равон дар Маскав ин созишнома аз ҷониби вазири энергетикаи Русия Александр Новак ва вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ба имзо расид, вале то ҳанӯз аз ҷониби Думаи давлатии Русия тасдиқ нашудааст.

Мутобиқи тавозуни индикативии маъқулшуда, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтии Русия бидуни ситонидани боҷи содиротӣ бо назардошти талаботи афзояндаи ҷумҳурӣ дар сатҳи 1 млн. тонна пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми соли гузашта бештар аст.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҷорӣ шудани пардохти боҷӣ содиротӣ ба маҳсулоти нафтии Русия барои Тоҷикистон, таъсири он ба нишондиҳандаҳои воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза зоҳир гардид. Масалан, ҳиссаи Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон аз 92%-и соли 2010 имрӯз то ба 38% поин рафт.

Моҳҳои ахир дар ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон кишвари ҳамсояи Қирғизистон пешсаф шуд, ки ҳиссаи он дар бозор 43,2%-ро ташкил медиҳад. Қирғизистон низ ба Тоҷикистон сӯзишвории Русияро интиқол медиҳад. Ин ба он вобаста аст, ки Қирғизистон аз Русия маҳслуоти нафтиро бидуни боҷи содиротӣ дастрас намуда, сипас онро бо нархи нисбатан арзон ба кишварҳои сеюм интиқол медиҳад.

Тайи 8 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 248 ҳазору 441 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 ҳазор тонна зиёдтар аст. Нархи миёнаи сӯзишвории воридшуда барои 1 тонна  1 ҳазору 51 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар ин давра ба Тоҷикистон аз Русия бо нархи 1 ҳазору 230 доллари ИМА барои 1 тонна 94, 1 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 52 ҳазор тонна камтар аст. Ҳаҷми воридот аз Қирғизистон дар ин давра 107 ҳазору 389 тонна (бо нархи 899 $ барои 1 тонна)-ро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли гузашта 85,4 тонна зиёдтар аст.

Ғайр аз ин, дар ин давра ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 18,2 ҳазор тонна (нархи миёна 1 ҳазору 345 $ барои 1 тонна) аз Туркманистон ва дар ҳаҷми 16,2 ҳазор тонна (нархи миёна 847 $ барои 1 тонна) аз Қазоқистон низ сӯзишворӣ ворид карда шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ревоҷ, сиёҳалаф, пудина… Алафу гиёҳҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон ва фоидаи онҳо ба саломатӣ

Дар бораи то чӣ андоза муфид будани онҳо барои солимии шахс маълумот медиҳем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева то даргузашти Иқбол Тешаев ва Рӯзи ҷаҳонии ахлоқ

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.