Мактуби толибилми синфи 10 дар зодрӯзи президент

Date:


Хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи №15-и шаҳри Душанбе Мастура Ғуломова дар зодрӯзи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – 5-уми октябр ба унвони ӯ

як мактуб

ирсол намуда, сарвари давлатро ба дӯстдории беандозаи мардум нисбаташ итминони қавӣ додааст.

«Имрӯз барои ҳар як тоҷикистонии ватандӯст ва хоҳони шукуфоии он ид аст – рӯзи мавлуди Шумо. Ин сана, ки дар баробари иди Ваҳдати миллӣ аст, бояд умумихалқӣ ҷашн гирифта шавад», – омадааст дар нома.

«Шумо тасаввур карда наметавонед, ки халқи тоҷик Шуморо чи қадар дӯст медорад, назди талошҳои бузурги Президенти худ, механизми сол аз сол тағйирёбандаи кишвар ва нуфузи он дар ҷаҳон чи тавр сари таъзим фуруд меорад», – зикр мегардад дар мактуб.

Хонандаи мактаби таҳсилоти умумии пойтахт ба сарвари давлат бахусус барои саҳми бесобиқааш дар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 изҳори минннатдорӣ намудааст.

«Ман ва ҳамсолонам 14-сола ҳастем. Мо соли 98, дар даврони аллакай оромӣ таваллуд шудаем. Таъзим ба Шумо аз ҳазорон ҷавонон барои он, ки  волидони мо зинда монданд, барои он, ки мо ба дунё омада, нахустин бор чашм кушода аз ҳавои тозаи Ватан – Тоҷикистон, ки аз тиру туфанг сухтаву хокистар нашуда буд, нафас гирифтем», – менависад дар номаи худ Мастура Ғуломова.

«Бо шарофати кӯшишҳои ниҳоят бузурги Шумо, хирадмандию таҳаммулпазириатон, меҳрубонии беандозаатон, муҳаббати самимиатон нисбат ба халқи азиаткашида тоҷикон давлатдории худро аз даст надода, тавонистанд нофаҳмиро аз байн бибаранд ва ба сулҳи деринтизор бирасанд. Пас аз ин ҳама дастовардҳои ниҳоят бузург Тоҷикистон ба чӣ омада расид, мумкин аст, ки саволе ба миён ояд: Президенти мо кӣ бошад? Ҷавонони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро интихоб мекунанд!», – бовар дорад ӯ.

Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст. То имрӯз ҳафт ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд.

Чанд рӯз қабл дар анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

Subscribe

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...