Суғд: Боздошти муовини ректори донишкада бо пора

Дар вилояти Суғд зимни гирифтани пора муовини ректори Донишкадаи тиҷорату савдо ва миёнарав бо далели шайъӣ боздошт шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии зиддифасоди вилояти Суғд хабар доданд, қаблан як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ин раёсат бо ариза муроҷиат намуда, хабар додааст, ки муовини ректори донишкада барои мусоидат ба қабул ба факултаи […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд зимни гирифтани пора муовини ректори Донишкадаи тиҷорату савдо ва миёнарав бо далели шайъӣ боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии зиддифасоди вилояти Суғд хабар доданд, қаблан як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ин раёсат бо ариза муроҷиат намуда, хабар додааст, ки муовини ректори донишкада барои мусоидат ба қабул ба факултаи иқтисод аз ӯ дар ҳаҷми 2 ҳазору 500 доллари ИМА пора тамаъ кардааст.

«Зимни амалиёти доиргардида муовини ректор ва миёнарав ҳангоми гирифтани маблағи пора дар ҳаҷми 1 ҳазору 500 доллари ИМА бо далели шайъӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуданд», – гуфтанд дар Раёсати Агентӣ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи «Қаллобии содиршуда дар ҳаҷми зиёд» парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 47 далели қаллобӣ ошкор карда шудааст.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.