Ҷамъоварии беш аз 181 ҳазор имзо ба ҷонибдории О.Бобоназарова

Дар зарфи 2 рӯзи ахир ба ҷонибдории номзад аз ҲНИТ ва номзади ягона аз ИНИТ Ойниҳол Бобоназарова беш аз 6 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуда, шумори умумии имзоҳо ба 181 ҳазору 343 адад расид. Намояндаи ситоди пешазинтихоботии номзад аз ҲНИТ Раҳматуллои Раҷаб ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки то шоми рӯзи 10-уми октябр […]

ASIA-Plus


Дар зарфи 2 рӯзи ахир ба ҷонибдории номзад аз ҲНИТ ва номзади ягона аз ИНИТ Ойниҳол Бобоназарова беш аз 6 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуда, шумори умумии имзоҳо ба 181 ҳазору 343 адад расид.

Намояндаи ситоди пешазинтихоботии номзад аз ҲНИТ Раҳматуллои Раҷаб ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки то шоми рӯзи 10-уми октябр ситод ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки миқдори зарурии имзоҳо – 210 ҳазор адад ҷамъоварӣ карда шавад.

Ба гуфтаи ӯ, раиси ҲНИТ субҳи рӯзи 8-уми октябр шахсан ба ҷамъоварии имзоҳо оғоз намуда, то шом аз се кӯчаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 25 имзо ҷамъ овард. «Кабирӣ имрӯз ҳам барои ба ин кор машғул шудани имкон надорад», – иброз дошт ӯ.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров низ чанде қабл изҳор намуда буд, ки шахсан ба ҷонибдории Бобоназарова зиёд имзо ҷамъоварӣ намуда, «ба ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ҳанӯз 15 рӯз пеш ҳамроҳ шуда будааст».

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар КМИР номзадии президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҲДТ расман ба қайд гирифта мешавад, ки ба ҷонибдориаш беш аз 220 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуд.

Феълан ягона номзаде, ки ба ҷонибориаш миқдори зарурии имзоҳо ҷамъоварӣ нашудааст, номзади пешбаришуда аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Назарова боқӣ мемонад. Ҳама аҳзоби дигар – ҲКТ, ҲДТ, ҲИИТ, ҲСТ ва ҲАТ миқдори зарурии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳои худро ҷамъоварӣ карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.