Афзоиши воридоти гази моеъ аз ҳисоби оғози таҳвил аз Русия

Аз ҳисоби оғози таҳвил аз Русия ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон афзуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 153,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳаминдавраи соли гузашта 96 ҳазор тонна зиёдтар аст. «Қаблан агар гази […]

Заррина Эргашева


Аз ҳисоби оғози таҳвил аз Русия ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон афзуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 153,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳаминдавраи соли гузашта 96 ҳазор тонна зиёдтар аст.

«Қаблан агар гази моеъ танҳо аз Қазоқистон ворид мешуд, шурӯъ аз моҳи июли соли равон воридоти ин навъи сӯзишвории автомобилӣ аз Русия низ оғоз гардида, ҳиссаи таҳвили гази моеъ аз Русия дар ҳаҷми умумии воридот 14,7 ҳазор тоннаро ташкил дод», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, арзиши гази моеъи воридшуда аз Қазоқистон 588 доллари ИМА барои 1 тонна ва аз Русия 813 доллари ИМА барои 1 тоннаро ташкил медиҳад.

«Бо назардошти беш аз ним баробар зиёд шудани ҳаҷми воридот, метавон гуфт, ки истифодаи гази моеъ дар ҳоли афзоиш аст, зеро нисбат ба бензин он хеле арзонтар буда,  ин ҳам дар ҳолест, ки воридоти бензин дар зарфи 8 моҳ аз 109,9 ҳазор тоннаи соли гузашта то 85,7 ҳазор тонна кам гардид. Шояд имрӯз 50%-и нақлиёти автомобилӣ дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ гази моеъро истифода мекунанд», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон арзиши гази моеъ нисбат ба бензин ду баробар поинтар буда, нархи 1 литр гази моеъ ба 3 сомонӣ баробар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.