Кабирӣ дар ним рӯз ба ҷонибдории Бобоназарова 10 имзо ҷамъоварӣ кард

Раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ субҳи рӯзи 8-уми октябр шахсан ба ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номазади пешбаришуда аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова оғоз намуда, то нимаи рӯз 10 имзо ҷамъ овард. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ӯ худаш ба дари ҳар хона рафта, занг зада бо соҳибони хона суҳбати рӯбарӯ карда, аз […]

ASIA-Plus


Раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ субҳи рӯзи 8-уми октябр шахсан ба ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номазади пешбаришуда аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова оғоз намуда, то нимаи рӯз 10 имзо ҷамъ овард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ӯ худаш ба дари ҳар хона рафта, занг зада бо соҳибони хона суҳбати рӯбарӯ карда, аз онҳое, ки розӣ шуданд имзо бидиҳанд, имзо ҷамъоварӣ намуд.

Таҷрибаи худро ӯ чунин шарҳ додааст: “Имзоҷамъоварӣ вақти зиёде талаб мекунад, вале ба ҳар сурат мешавад измо ҷамъоварӣ намуд. Алъон, он чизе ки мушоҳида кардам, ин аст ки имзоҷамъоварӣ кори хело мушкил будаааст. Вақте тавонистем дар як соат ва аз ду кучае, ки гаштем, 10 имзо ҷамъо оварем, мо бояд ба он ҷавонон ва духтарон ва ҳамаи онҳое, ки шабу рӯз кор карда, имзо ҷамъ карда истодаанд ва то имрӯз беш аз 170 ҳазор имзо карданд, таҳсин бигӯем.”

Бо натиҷагирӣ Муҳиддин Кабирӣ афзудааст: “Ман ба он ҳизбҳое, ки аллакай эълон карданд, ки онҳо дар давоми ду се рӯз қариб 200 ҳазор имзо ҷамъ карданд, мегӯям: камтар бо эҳтиёт суҳбат кунед, аввал биоед бо мардум имзоҳоро худатон ҷамъ кунед ва баъд ин рақамҳоро эълон кунед. Суол ин аст, ки оё мешавад дар давоми ду се рӯз 150 ё 200 ҳазор имзоро ҷамъ кард? Ман аз таҷрибаи яксоатаи худам дидам, ки ин рақамҳо имкон надорад.”

Қаблан Маҳмадалии Ҳайит, роҳбари ситоди пешазинтихоботии Бобоназарова ба ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала хабар дода буд, ки дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт, ки дар он ҷо фаъолони ҲНИТ ба ҷамоварии имзоҳо машғуланд, тамоили шиноснома бо худ надоштани шаҳрвандон ба назар мерасад, ки ба таври имконпазир метавонистанд аз номзади ҲНИТ дастгирӣ намоянд.

«Масалан, дар микрорайони 46-ум ва Гулбутта раисони кумитаи маҳаллаҳо шиносномаҳои шаҳрвандонро барои дастгирии дастаҷамъонаи кадом як номзаде ҷамъоварӣ кардаанд ва алҳол онҳоро ба сокинони маҳаллаҳо барнагардонидаанд», – зикр кард М.Ҳайит.

Сарфи назар аз ҳамаи ин ҳолатҳо, роҳбари ситоди пешазинтихоботии номзади ҲНИТ изҳори итминон кард, ки то субҳи рӯзи 10-уми октябр ба КМИР миқдори зарурии имзоҳо (210 ҳазор)-ро пешниҳод хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.