Анҷоми ваколатҳои сафири Эрон дар Тоҷикистон

Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯстро, ки ваколатҳояш дар кишвари мо ба итмом мерасанд, ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, М.Убайдуллоев ба сафир барои кори пурмаҳсули дипломатиаш дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистону […]

Аваз Юлдошев


Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯстро, ки ваколатҳояш дар кишвари мо ба итмом мерасанд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, М.Убайдуллоев ба сафир барои кори пурмаҳсули дипломатиаш дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистону Эронро ҳалқаҳои ягонаи фарҳангиву таърихӣ, забонӣ ва дӯстиву бародарӣ бо ҳам мутттаҳид месозанд.

Зимни мулоқот раиси палатаи болоии парлумони кишвар изҳори итминон кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг ва дигар самтҳо ба манфиати ҳарду кишвар густариш хоҳанд ёфт.

Дар навбати худ А.Шеърдӯст ба намояндагони парлумони Тоҷикистон барои фаъолияти муштарак дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба арзи сипос намуда, таъкид кард, ки ӯ минбаъд низ ба рушди ҳамкориҳои кишварҳои дӯсту бародар дар тамоми ҷабҳаҳо мусоидат хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.