Ифтитоҳи дидбонгоҳи нави марзбонӣ дар Шуғнон бо иштироки президент

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як зумра иншооти нави бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохташударо ифтитоҳ намуда, ба сохтмони чанд бинои дигар оғоз бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст дар деҳаи Паршневи ноҳияи Шуғнон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дидбонгоҳи нави марзбонӣ, ки бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як зумра иншооти нави бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохташударо ифтитоҳ намуда, ба сохтмони чанд бинои дигар оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст дар деҳаи Паршневи ноҳияи Шуғнон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дидбонгоҳи нави марзбонӣ, ки бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки иттилоъ доданд, дар зарфи 4 моҳи охир дар атрофи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 4 то чунин дидбонгоҳи марзбонӣ бо беҳтарин шароити хизматӣ сохта ба истифода супурда шуд.

Дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои комиссариати ҳарбии ноҳия, биноҳои нави прокуратура, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шуғнон мавриди истифода қарор гирифта ва ба сохтмони бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби бонки саҳҳомии Тоҷиксодиротбонк бунёд хоҳад ёфт, оғоз бахшида шуд.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдат-маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон филиали Бонки саҳҳомии Агроинвестбонк ифтитоҳ ёфт. Зимни шиносӣ бо ин бинои зебо, аз ҷумла зикр гардид, ки то ин вақт  Агроинвестбонк дар  ноҳияи Шуғнон танҳо як маркази хизматрасонӣ дошт. Бо ифтитоҳи филиал шумораи кормандони ин бонк дар ноҳияи Шуғнон 12 нафар афзун гардид.

Cипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи деҳқони асил Низом Шоҳабутолибов, ки дар як гӯшаи шаҳраки Ваҳдат-маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон қарор дорад, бо роҳбарияту фаъолон ва мардуми сершумори ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом дод.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва ободонии маркази нави маъмурии он  – шаҳраки Ваҳдатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои таъмини рушди минбаъдаи ин диёри кӯҳистон супоришҳои мушаххас дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.