Оғози кори Шӯрои ҳамоҳангсозони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай кори худро Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмон шурӯъ намуд, ки дар кори он ҳамчунин Котиби генералии СҲШ ширкат дорад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, субҳи ҳамин рӯз ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзо ва Котиби […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай кори худро Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмон шурӯъ намуд, ки дар кори он ҳамчунин Котиби генералии СҲШ ширкат дорад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, субҳи ҳамин рӯз ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзо ва Котиби генералии СҲШ-ро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ қабул намуд.

Дар рафти вохӯрӣ роҳбари идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ин давраи дуюми раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони мазкур аз лаҳзаи таъсисёбии СҲШ ба ҳисоб меравад.

Вазири корҳои хориҷӣ шиори раисиро таҳти унвони – “ҳамкорӣ, ҳамрушдӣ, ҳамшукуфоӣ” эълон намуд ва дар бораи мавзуъҳои муҳими раисии Тоҷикистон дар СҲШ маълумот дод. Ҳамрохон Зарифӣ қайд намуд, ки кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон, ки бешубҳа, дар рушди ин Созмон саҳми арзанда мегузорад, минбаъд низ ба таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд миёни давлатҳои аъзои Созмон, баланд бардоштани эътибори СҲШ дар корҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона хоҳанд шуд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи раисии гузаштаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар СҲШ баҳои баланд дода, ба ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамаҷониба аз тарафи давлатҳои аъзо дар давраи раисии Тоҷикистон дар ин Созмон изҳори умед намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.