Сайёҳони пиёдаи хатлонӣ то ҳанӯз ба кӯмаки ВКХ умедворанд

Сайёҳони пиёдаи тоҷик аз вилояти Хатлон Азиз Раҷабови 65-сола маъруф ба «Ҳоҷӣ-пиёда» ва ҳамсафари ӯ Раҷабалӣ Сулаймонови 51-сола, ки аллакай муддати ҳудуди 5 моҳ дар қораи Осиё саёҳат доранд, бори дигар барои кӯмак ба Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат мекунанд. Тавре қаблан Азиз Раҷабов тавассути телефон аз Аморати Муттахидаи Араб ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, […]

Турко Дикаев


Сайёҳони пиёдаи тоҷик аз вилояти Хатлон Азиз Раҷабови 65-сола маъруф ба «Ҳоҷӣ-пиёда» ва ҳамсафари ӯ Раҷабалӣ Сулаймонови 51-сола, ки аллакай муддати ҳудуди 5 моҳ дар қораи Осиё саёҳат доранд, бори дигар барои кӯмак ба Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат мекунанд.

Тавре қаблан Азиз Раҷабов тавассути телефон аз Аморати Муттахидаи Араб ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чанде қабл баъди бозгашт аз зиёрати қабри Ҳазрати Одам дар Шри-Ланка (Сарандеби қадим), дар пойтахти Ҳиндустон Кумитаи миллии олимпии ин кишвар ва актёри маъруфи ҳиндӣ, сиёсатмадор, продюсер ва ровии телевизион Амитабх Баччан барои онҳо раводиди ройгон ба аморати Дубайро ташкил намуда, онҳо тавассути ҳавопаймо ба он ҷо омадаанд.

«Айни замон мо ба аморати Абу-Дабӣ раҳсипор буда, бидуни кӯмак дар он ҷо ба бунбаст дучор гардидем, зеро барои ворид шудан ба Арабистони Саъудӣ раводид зарур аст», – иброз дошт ӯ ва таъкид намуд, ки чанд сол пеш ВКХ дар ҳамин ҳолат ба онҳо ёрӣ расонида буд.

Сайёҳон мутмаинанд, ки ин дафъа низ ВКХ ҶТ ба онҳо кӯмак мерасонад. Онҳо ният доранд, ки дар консулгарии Тоҷикистон дар АМА худро ба қайд гузошта, «хабарҳои хуш аз Ватанро интизор хоҳанд буд». «Шумо танҳо Ҳамрохон Зарифиро аз вазъи мо огоҳ кунед ва ӯ ҳатман ба мо кӯмак мерасонад», – дархост карда буд ҳоҷӣ Азиз Раҷабов.

Азиз Раҷабов посух нагирифтан аз ватан ба муроҷиаташро ба он марбут медонад, ки касе дар ин бора ба вазир Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи муроҷиатномаашон «хабар надодааст» ва аз ОИ «Азия-Плюс» хоҳиш намуд, ки бори дигар дархости онҳоро ба чоп расонад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҷо ба масъалаи онҳо ноиби консули Консулгарии Тоҷикистон дар АМА (Дубай) Юсуф Бобокалонов машғул аст, ки бо мактуб дар ин хусус ба ВКХ Арабистони Саъудӣ муроҷиат кардааст. «Расмиёти идорӣ метавонад ба дарозо кашад, то оғози ҳаҷ бошад, ҳамагӣ 5 рӯз боқӣ монда, боз бояд дар гармии 43 дараҷа то он ҷо расид. Мо танҳо ба Худо ва Ҳамрохон Зарифӣ умедворем. Дахолати Зарифӣ дар муддати соатҳои башумор метавонад масъалаи моро ҳал кунад», – афзуд ӯ ва илова намуд, ки ин умедвории ягона аст, зеро аз Кумтаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар доданд, ки ба ҳалли ин масъала қодир нестанд.

Ёдрас мекунем, ки сафари ин сайёҳон 15-уми майи соли ҷорӣ бо зиёрати оромгоҳи файласуф ва шоир Мирсаид Алии Ҳамадонӣ аз Кӯлоб оғоз гардида, сипас онҳо пиёда бо хатсайри Кӯлоб-Душанбе – Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён – Шерхон Бандар (Афғонистон) – Покистан – Ҳиндустон – Шри-Ланка ба сафар идома доданд. Ба барномаи сафар акнун ҳаҷҷи пиёда низ ворид гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.