Шаҳодатномаи номзадии Э.Раҳмон ба муовини аввали раиси ҲХДТ супурда мешавад

Барои сабти расмӣ дар КМИР ҳамчун шахси боваринок шудани номзад ба мансаби президентӣ аз ҲХДТ, Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 нафар намояндагони касбу кори гуногун аз тамоми мантиқи ҷумҳурӣ пешниҳод шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КМИР ҶТ хабар доданд, соати 12-и имрӯз зимни расман бақайдгирии номзадии Эмомалӣ Раҳмон […]

Аваз Юлдошев


Барои сабти расмӣ дар КМИР ҳамчун шахси боваринок шудани номзад ба мансаби президентӣ аз ҲХДТ, Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 нафар намояндагони касбу кори гуногун аз тамоми мантиқи ҷумҳурӣ пешниҳод шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КМИР ҶТ хабар доданд, соати 12-и имрӯз зимни расман бақайдгирии номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми президентӣ, шахсони бовариноки ӯ низ расман ба қайд гирифта мешаванд. Шахсони боваринок аз ҷониби ситоди пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ таҳти сарварии муолвини аввали раси ҲХДТ Сафар Сафаров пешбарӣ шудаанд.

Дар КМИР зикр карданд, ки чун Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад, шаҳодатномаи номзад ба мансаби президентии ӯ ба муовини раиси ҲХДТ Сафар Сафаров супурда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ситоди пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон шахсони зеринро ҳамчун шахсони боваринок ба номзади ҲХДТ пешниҳод кардааст: муаллифи гимни ҷумҳурӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Хурсанд Аъзамов, муовини ректори Донигоҳи давлатии Хоруғ Назрӣ Офаридаев, директори мактаби таҳсилоти умумии №3-и ноҳияи Рашт Аъзам Ҳасанов, шоира, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Хубони порсигӯ» Меҳринисо Бобобекова, раиси шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод, директори Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи улуми ҶТ Абдувоҳид Шамолов, профессор Одил Нодиров, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Меҳрубон Мирзоева, муовини ректори ДМТ Ашӯрбой Солиев, директори Маркази исломшиносии назди президенти ҶТ Муродулло Давлатов, дотсенти факултаи рӯзноманигории ДМТ Илҳом Ҳамидов, декани факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ Эмомалӣ Насриддинов ва директори Маркази миллии қонунгузории назди презденти ҶТ, профессор Маҳмад Раҳимов.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.