БМТ меъёри бозтамвилро дар сатҳи 5,5% муқаррар кард

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ба андозаи 0,6 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 5,5 фоизи солона муқаррар гардид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, тағйироти навбатӣ бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳдории муътадилии ҳаҷми пул дар муомилот, мусоидат ба рушди воқеии иқтисодиёт ва бо ин роҳ паст кардани […]

ASIA-Plus


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ба андозаи 0,6 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 5,5 фоизи солона муқаррар гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, тағйироти навбатӣ бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳдории муътадилии ҳаҷми пул дар муомилот, мусоидат ба рушди воқеии иқтисодиёт ва бо ин роҳ паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ бо назардошти кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ворид карда шудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки маротибаи аввал  имсол меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон 8 июли соли равон ба андозаи 0,4 банди фоизӣ паст карда шуда буд.

Тағйироти навбатӣ тадриҷан ба паст гардидани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ва вусъати сиёсати пулию қарзӣ нигаронида шудааст.

Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.

Соли гузашта меъёри бозтамвил чор маротиба – аз 9,8 то 6,8, кам гардида буд. Меъёри баландтарини бозтамвил соли 2008 ба қайд гирифта шуда, он замон сатҳи он ба 16%-и солна баробар шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.