Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Баҳром Файзуллоев

Нимаи дуюми рӯзи 2-юми август миёни сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваст. Васоити ахбори умуми Қирғизистон бо такя ба маълумоти Хадамоти давлатии ин кишвар дар ин робита иттилоъ медиҳанд, ки сабаби сар задани муноқиша он будааст, ки сокинони ҷазирақаламрави […]



Нимаи дуюми рӯзи 2-юми август миёни сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваст.

Васоити ахбори умуми Қирғизистон бо такя ба маълумоти Хадамоти давлатии ин кишвар дар ин робита иттилоъ медиҳанд, ки сабаби сар задани муноқиша он будааст, ки сокинони ҷазирақаламрави Ворух ба қаламрави қитъаи марбут ба шаҳрвандони Қирғизистон ворид шуда, дар он ҷо ба ҷамъоварии ҷуворимакка машғул шудаанд. Аз ин амал шаҳрвандони Қирғизистон норозигӣ изҳор намуда, дар натиҷа дар ин қитъа шаҳрвандони ҳарду кишвар ҷамъ омада, миёни онҳо муноқишаи лафзӣ сурат гирифтааст. Сипас баъди ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани кормандони мақомоти марзбонии кишварҳо, ба онҳо муяссар гардидааст, ки мардумро ором намоянду вазъро бо роҳи осоишта ба эътидол оранд.

Ҳамчунин васоити ахбори умуми кишвари ҳамсоя иттилоъ медиҳанд, ки баъди чанде дар қитъаи дигари марз сокинони Тоҷикистон ду автомашинаи мутааллиқ ба қирғизҳоро мавриди сангпартоӣ қарор додаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ҳокимияти маҳаллии ҳарду ҷониб ба мувофиқа расидаанд, ки шаҳрвнадони тоҷике, ки ғайриқонунӣ ба ҷамъоварии маҳсулоти кишовразӣ машғул шудаанд, зиёни расидаро ҷуброн мекунанд.

Дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори «Азия-Плюс» муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ Абдухалил Шарифов рух додани муноқишаро тасдиқ намуда, зикр кард, ки сокинони ҷамоати Ворух ба ин ҳодиса ҳеҷ муносибате надошта, ин муноқиша дар қитъаи марз миёни заминҳои бригадаи №18-и ҷамоати Чоркӯҳ (мавзеи Тангӣ) ва заминҳои ба он наздики сокинони едҳаи Оқсой ба вуқӯъ пайвастааст.

Номбурда зикр кард, ки сабаби аслии муноқиша мушкилоти дастрасии сокинони деҳоти Тоҷикистон ба чарогоҳҳои тобистона буда, имсол ҷониби Қирғизистон ба тоҷикон барои чаронидани чорво дар ин чарогҳҳо имкон надодааст ва аз ин рӯ, тоҷикон соли равон 30%-и чорвои худро маҷбуран фурӯхтаанд.

«Муноқиша барои он сар зад, ки якчанд говҳои сокинони деҳаи тоҷикон ба заминҳои мутааллиқ ба сокинони Оқсой даромадаанд. Баъдтар говҳо ва соҳибони онҳо ба маркази деҳаи Оқсой оварда шуда, пас аз мувофиқаи пардохти ҷарима барои зиёни расида, онҳо ба хонаҳояшон баргаштанд. Ҳарчанд ин муноқишаҳои хурдро метавон ба осонӣ ҳал намуд, вале ин дафъа ҳам сокинони деҳаи Оқсой муддати чанд соат роҳи мошингарди Ворух – Исфараро бастанд, ҳарчанд сокинони Ворух ба ин ҳодиса ягон муносибате надоштанд», – иброз дошт Шарифов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.