Баргузории ҷаласаи навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар баррасӣ шуд

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини вазир Саидраҳмон Назриев бо ҳайати бонуфузи Давлати Қатар таҳти роҳбари раиси Шӯрои директорони ҳолдинги Издон шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, гузаронидани ҷаласаи навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар, мусоидат ба фаъолияти бонкҳо ва […]

ASIA-Plus



Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини вазир Саидраҳмон Назриев бо ҳайати бонуфузи Давлати Қатар таҳти роҳбари раиси Шӯрои директорони ҳолдинги Издон шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, гузаронидани ҷаласаи навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар, мусоидат ба фаъолияти бонкҳо ва низоми қарздиҳӣ, алалхусус низоми бонкдории исломӣ, суғурта, бахши хусусӣ, сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятнок ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, дар охир тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи нахусти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ моҳи октябри соли 2012 доир гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қатар ҳамагӣ 55 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2,5% камтар аст ва ҳамаи ҳаҷми савдо миёни кишварҳо дар соли ҷорӣ ба воридоти маҳсулоти Қатар ба Тоҷикистон рост меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.