Боздиди ҳайати мудирияти ҳолдинги «Издон»-и Қатар аз ВКХ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Асло рӯзи 18-уми сентябр ҳайати мудирияти ҳолдинги “Издон”-и Давлати Қатарро таҳти роҳбарии Раиси он шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии дуҷониба баррасӣ шуданд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои муносибатҳои […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Асло рӯзи 18-уми сентябр ҳайати мудирияти ҳолдинги “Издон”-и Давлати Қатарро таҳти роҳбарии Раиси он шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии дуҷониба баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвари дӯст, имкониятҳои сармоягузорӣ, таъсиси аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон, суғуртаи исломӣ, тандурустӣ ва бунёди фондҳои хайриявӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҷониби қатарӣ ба иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон омодагӣ изҳор намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.