Дар рейтинги ФИФА Тоҷикистон 16 зина поин рафт

Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави нашршудаи ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) нисбат ба моҳи гузашта 16 зина поин рафта, бо 213 имтиёз дар мақоми 136-ум қарор дорад. Ба даҳгонаи беҳтарини дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳон Олмон, Аргентина, Колумбия, Нидерланд, Белгия, Бразилия, Уругвай, Испания, Фаронса ва Швейтсария шомиланд. Дар ҳамин ҳол, дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои […]

ASIA-Plus



Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави нашршудаи ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) нисбат ба моҳи гузашта 16 зина поин рафта, бо 213 имтиёз дар мақоми 136-ум қарор дорад.

Ба даҳгонаи беҳтарини дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳон Олмон, Аргентина, Колумбия, Нидерланд, Белгия, Бразилия, Уругвай, Испания, Фаронса ва Швейтсария шомиланд.

Дар ҳамин ҳол, дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё низ мунтахаби Тоҷикистон нисбат рейтинги гузашта ду зина поин рафта, акнун дар ҷойи 19-ум қарор дорад. Дар ин қора тими миллии Ҷопон пешсаф аст. Мунтахаби Ӯзбекистон дар ҷойи дувум ва тими миллии Кореяи Ҷанубӣ дар зинаи севум мебошанд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.