Оғози кори намоишгоҳи «Тоҷикистон – Чин 2014» дар Душанбе

Дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе имрӯз намоишгоҳ-ярмаркаи молҳои содиротии «Музофотии Синтзян-Уйғури Чин – Тоҷикистон 2014» ба кор шурӯъ намуд. Намоиши молу маҳсулоти содиротии ширкатҳои Чин то 21-уми сентябр идома ёфта, сокинон молу маҳсулоти пешниҳодшударо дастрас карда метавонанд. Дар намоишгоҳ-ярмаркаи мазкур молу маҳсулоти беш аз 60 ширкати пешрафтаи Чин дар  бахшҳои саноати сабук, сохтмон […]

ASIA-Plus



Дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе имрӯз намоишгоҳ-ярмаркаи молҳои содиротии «Музофотии Синтзян-Уйғури Чин – Тоҷикистон 2014» ба кор шурӯъ намуд.

Намоиши молу маҳсулоти содиротии ширкатҳои Чин то 21-уми сентябр идома ёфта, сокинон молу маҳсулоти пешниҳодшударо дастрас карда метавонанд.

Дар намоишгоҳ-ярмаркаи мазкур молу маҳсулоти беш аз 60 ширкати пешрафтаи Чин дар  бахшҳои саноати сабук, сохтмон ва кишоварзӣ, IT-технология, комплекси агросаноатӣ ва ғайра ба маърази тамошову дастрасӣ гузошта мешавад.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид қайд кард, ки чунин чорабиниҳо ба хотири таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Чин, ҷалби сармояи Чин ба иқтисоди ҷумҳурӣ, мусоидат ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон созмон дода мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулугоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.