Суръати бештари корҳои омодагӣ ба ҷашни Ҳисор

Дар ноҳияи Ҳисор корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор суръати бештар касб мекунанд. Таҷлили ин ҷашн расо баъди як сол – моҳи сентябри соли 2015 доир мегардад. Бино ба маълумоти расида аз ҳукумати ноҳияи мазкур,  ба ифтихори ҷашни Ҳисор бунёди беш аз 240 иншооти нав пешбинӣ шудааст, ки то имрӯз 17-тоаш барои истифода омода […]

ASIA-Plus



Дар ноҳияи Ҳисор корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор суръати бештар касб мекунанд. Таҷлили ин ҷашн расо баъди як сол – моҳи сентябри соли 2015 доир мегардад.

Бино ба маълумоти расида аз ҳукумати ноҳияи мазкур,  ба ифтихори ҷашни Ҳисор бунёди беш аз 240 иншооти нав пешбинӣ шудааст, ки то имрӯз 17-тоаш барои истифода омода буда, сохтмони боз 19 иншооти дигар дар арафаи анҷомёбист.

Тибқи маълумот, сохтмони варзишгоҳи марказии Ҳисор бо 20 ҳазор ҷойи нишаст моҳи сентябри соли гузашта оғоз гардида, феълан бештар аз 60 дарсади корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҷашнӣ ба итмом расидааст. Маҳз дар ҳамин варзишгоҳ чорабиниҳои асосии ҷашнӣ доир мегарданд.

Зикр гардид, ки ин варзишгоҳи боҳашамат дар масоҳати 20 гектар сохта шуда, барои бунёди он 38 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ ҷудо шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.