Баррасии имконоти сохтмони майдонҳои футбол дар шаҳри Хоруғ

Раиси шаҳри Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев рӯзи 19-уми сентябр бо ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки ба маркази маъмурии ВМКБ ташриф оварданд, мулоқот кард. Тавре хадамоти матбуоти ФФТ хабар медиҳад, дар мулоқоти мазкур сардори шуъбаи футболи кӯдакону наврасони Федератсия Анваршо Мирзоев ва муовини раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Увайдо Давлатбеков ҳузур доштанд. Ба иттилои манбаъ, зимни […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев рӯзи 19-уми сентябр бо ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки ба маркази маъмурии ВМКБ ташриф оварданд, мулоқот кард.

Тавре хадамоти матбуоти ФФТ хабар медиҳад, дар мулоқоти мазкур сардори шуъбаи футболи кӯдакону наврасони Федератсия Анваршо Мирзоев ва муовини раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Увайдо Давлатбеков ҳузур доштанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот зикр гардид, ки санаи 20-уми сентябр дар шаҳри Хоурғ ба муносибати Соли футболи оммавӣ дар ҷумҳурӣ фестивали футбол барои кӯдакон доир мегардад.

«Умедворем, ки ин иди варзиш дар сатҳи баланди тадорукотӣ сурат гирифта, ба кӯдакон щодиву нишоти зиёд меорад», – гуфтааст Имомбердиев.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди футбол дар шаҳр ва сохтмони майдонҳои футбол бо рӯйпӯши сунъӣ дар маркази вилоятро низ баррасӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ дар доираи чорабиниҳои Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон ду фестивали футбол баргузор мешавад, ки дар он кӯдакони ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа ширкат меварзанд. Ба ҳамаи иштирокчиёни фестивал тӯбҳои футбол бо навиштаи «Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон» тақдим карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.