Нахустнамоиши филми тасвирӣ бо забони тоҷикӣ дар формати 3D

Имрӯз дар Хонаи кино (собиқ кинотеатри «Зебуннисо») нахустнамоиши филми тасвирӣ бо забони тоҷикӣ дар формати 3D «Сказки Айры» (Афсонаҳои Айра) баргузор мешавад.  Маросими нахустнамоиши филмро иттиҳодияи ҷамъиятии «Ҷавонони асри 21» дар ҳамдастӣ бо ширкати мултимедиавии «Ангор» барпо мекунанд. Ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ бо такя ба маълумоти лоиҳаи аввали ҷавонон дар Осиёи Марказӣ – Матриса […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар Хонаи кино (собиқ кинотеатри «Зебуннисо») нахустнамоиши филми тасвирӣ бо забони тоҷикӣ дар формати 3D «Сказки Айры» (Афсонаҳои Айра) баргузор мешавад.

 Маросими нахустнамоиши филмро иттиҳодияи ҷамъиятии «Ҷавонони асри 21» дар ҳамдастӣ бо ширкати мултимедиавии «Ангор» барпо мекунанд.

Ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ бо такя ба маълумоти лоиҳаи аввали ҷавонон дар Осиёи Марказӣ – Матриса иттилоъ дода будем, ки дар Тоҷикистон нахустин филми тасвирӣ (мултфилм) бо формати 3 D

наворбардорӣ шуд

, ки барои амалисозии ин иқдом ба муаллифони он 60 ҳазор доллари ИМА маблағ лозим шудааст.

Зикр гардида буд, ки барои таҳияи нахустин филми тасвирии 3D дар Тоҷикистон муддати якуним сол ҳамагӣ се нафар заҳмат кашидаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар студияҳои кишварҳои хориҷӣ рӯйи он ҳадди ақал 50 нафар машғули кор буда, муҳлати анҷоми таҳияи он 3-5 сол аст.

Моҳияти филми тасвирии мазкур дар он ифода меёбад, ки мардум метавонанд дар фазои сулҳу созиш бо олами ҳайвонот зиндагӣ дошта бошанд ва дар ҳамин ҳол, набояд фаромӯш кард, ки одамон мавҷудияти соҳибидроканд ва бо тарзи дигар низ метавонанд аз истифодаи боигариҳои Замин баҳра бардоранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.