Сафари нахуствазири Тоҷикистон ба Ню-Йорк

Субҳи имрӯз нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи 69-уми Маҷмааи умумии Созмони миллали Муттаҳид ба шаҳри Ню Йорк сафар кард. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин сафар суханронии Қоҳир Расулзода дар яке аз ҷаласаҳои иҷлосияи 69-уми Маҷмааи умумии СММ дар […]

Аваз Юлдошев



Субҳи имрӯз нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи 69-уми Маҷмааи умумии Созмони миллали Муттаҳид ба шаҳри Ню Йорк сафар кард.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин сафар суханронии Қоҳир Расулзода дар яке аз ҷаласаҳои иҷлосияи 69-уми Маҷмааи умумии СММ дар назар аст.

«Ғайр аз ин, нахуствазири Тоҷикистон бо як зумра роҳбарони воҳидҳои сохтории СММ ва сарварони ҳайатҳои кишварҳои хориҷӣ низ дидору гуфтушунид мекунад», – гуфт ӯ.

Маҷмааи умумии СММ мақоми асосии машваратии созмон буда, ба ҳайати он намояндагони ҳамаи кишварҳои узв шомиланд ва ҳар кадоме аз онҳо як овоз доранд. Барои қабули қарорҳо оид ба масоили муҳим, аз қабили таъмини сулҳу амният ё пазируфтани аъзои нав аз се ду ҳиссаи овозҳо зарур аст.

Қарорҳо дар мавриди масъалаҳои дигар бо аксарияти оддии овозҳо қабул мешаванд. Соли 1946 ҳайати Маҷмааи умумии СММ аз 51 давлат ва айни замон аз 193 кишвари узв иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.