Биноҳои моҳи май сӯхтаи суд ва прокуратураи Хоруғ барқарор шуданд

Биноҳои суд ва прокуратураи шаҳри Хоруғ, ки ҳангоми бетартибиҳои моҳи майи соли равон сӯхта шуда буданд, барқарор карда шуданд. Макони бинои сешоёнаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят низ, ки сӯхта шуда буд, коимлан тоза шуда, дар ҷойи он бинои муосири Раёсат сохта мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз дастгоҳи ҳукумати ВМКБ хабар доданд, дар барқарор кардани […]

Меҳрангез Турсунзода



Биноҳои суд ва прокуратураи шаҳри Хоруғ, ки ҳангоми бетартибиҳои моҳи майи соли равон сӯхта шуда буданд, барқарор карда шуданд.

Макони бинои сешоёнаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят низ, ки сӯхта шуда буд, коимлан тоза шуда, дар ҷойи он бинои муосири Раёсат сохта мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз дастгоҳи ҳукумати ВМКБ хабар доданд, дар барқарор кардани ин биноҳо ихтиёриёни шаҳри Хоруғ низ кумак кардаанд. Дар бораи маблағи масрафшуда барои барқарор кардани биноҳо маълумот дода нашуд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21-уми май дар маркази шаҳри Хоруғ амалиёти махсуси боздошти гумонбарон ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир доир гардид. Дар натиҷаи тирпарронӣ се нафар ҳалок ва чор нафар ҷароҳат бардоштанд.

Баъди ин садҳо сокинони шаҳр ба нишони эътироз ба гирдиҳамойӣ даст заданд. Издиҳом ба биноҳои шуъбаи милиса, прокураура ва КДАМ ҳуҷум кард. Шаби 22 ба 23-юми май дар натиҷаи ҳодисаи дигар дар Хоруғ, ки ҳукуматдорон онро кӯшиши ҳуҷуми мусаллаҳона ба бинои КДАМ номиданд, 1 нафар ҳалок ва 2 тани дигар захмӣ шуданд.

Комиссияи муштарак аз ҳисоби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то ҳанӯз рӯйдодҳои мазкурро тафтиш мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.