Имзои Ёддошти тафоҳум миёни хадамотҳои геологии Тоҷикистону Финландия

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни хадамотҳои геологии Тоҷикистону Финландия баргузор гашт. Бино ба иттилои маркази матбуоти Саридораи геологияи ҶТ, Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Финландия оид ба «Рушд ва омўзиши захираҳои табиӣ бо мақсади беҳдошти аҳолӣ дар Тоҷикистон барои […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни хадамотҳои геологии Тоҷикистону Финландия баргузор гашт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Саридораи геологияи ҶТ, Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Финландия оид ба «Рушд ва омўзиши захираҳои табиӣ бо мақсади беҳдошти аҳолӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017» дар асоси Ёддошти тафоҳуми байни Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва Вазорати корҳои хориҷии Финландия оид ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Финляндия, ки 13 декабри соли 2013 дар шаҳриДушанбе ба имзо расонида шуда буд таҳия гардидааст.

Ёддошти тафоҳуми мазкур барои рушди минбаъдаи геопортали Осиёи Марказии дар якчоягӣ ташкилшуда, пешравии мўътадили истифодаи захираҳои табиии миллӣ ва паҳнкунии маълумотҳои геологӣ барои доираи гуногуни истифодабарандагон, мониторинги равандҳои экзогении хавфноки минтақавӣ ва харидории таҷҳизотҳои геофизикӣ пешбинӣ шудааст.

Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Финландия оид ба «Рушд ва омўзиши захираҳои табиӣ бо мақсади беҳдошти аҳолӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017»-ро аз ҷониби Тоҷикистон сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ Мурод Хол ва аз ҷониби Финландия менеҷери лоиҳа Юкка Мултала, ки бо Ваколатномаи сардори Хадамоти геологии Финландия ҷаноби Элиас Экдал иштирок дошт, ба имзо расониданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.