Рӯзҳои Сулҳ дар мактабҳои манотиқи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон

Шурӯъ аз 22-юми сентябр дар минтақаҳои наздимарзии водии Фарғонаи Тоҷикистону Қирғизистон Рӯзҳои Сулҳ оғоз мегарданд. Ин як силсила чорабиниҳои якрӯза аст, ки ба наздикшавии ҷавонони ду кишвар аз лиҳози фарҳангӣ ва ба эътидол оварлани вазъи муташанниҷ дар минтақа нигаронида шудааст. Асосан дар 22 мактабҳои маҳалии вилоятҳои Суғду Ботканд дар ҳарду тарафи марз давоми ин рӯзҳо […]

ASIA-Plus



Шурӯъ аз 22-юми сентябр дар минтақаҳои наздимарзии водии Фарғонаи Тоҷикистону Қирғизистон Рӯзҳои Сулҳ оғоз мегарданд.

Ин як силсила чорабиниҳои якрӯза аст, ки ба наздикшавии ҷавонони ду кишвар аз лиҳози фарҳангӣ ва ба эътидол оварлани вазъи муташанниҷ дар минтақа нигаронида шудааст. Асосан дар 22 мактабҳои маҳалии вилоятҳои Суғду Ботканд дар ҳарду тарафи марз давоми ин рӯзҳо майдонҳои муколамаи дуҷониба, викторина, озмун ва дигар чорабиниҳои маърифативу фароғатӣ дар мавзӯъҳои таъриху фарҳанги ҳарду кишвар гузаронида шуда, ҳамчунин бо афроди маъруф ва пирони кордидаи ин манотиқ вохӯриву суҳбатҳо барпо мешаванд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби 14 созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистону Қирғизистон, ки ба Шабакаи ТҒД водии Фарғона «Водии сулҳ» шомиланд, амалӣ мегардад. Чорабиниҳои мактабӣ ба муносибати Рӯзи байнулмилалии сулҳ, ки ҳамасола санаи 21-уми сентябр дар тамоми кишварҳо таҳти сарпарастии СММ таҷлил мегардад, баргузор мешавад.

Давоми ин рӯзҳо радиои «Салом»-и Қирғизистон ва студияи телевизионии «СМ-1»-и Тоҷикистон аз ҳарду ҷониби марз ба пахши барномаҳо дар бораи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Сулҳ дар ин 22 мактаб оғоз мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.