Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври 1/8 ниҳоии Бозиҳои осиёӣ

Дастаи мунтахаби футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон (U-23) дар даври сеюми мусобиқоти гурӯҳии Бозиҳои XVII осиёӣ бар тими Умон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳхат гирифт. Голи ягонаро дар ин бозӣ Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 90+2 зад. Тавре Кумитаи миллии олимии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар бозии дигари гурӯҳи «С» тими Фаластин аз мунтахаби […]

ASIA-Plus



Дастаи мунтахаби футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон (U-23) дар даври сеюми мусобиқоти гурӯҳии Бозиҳои XVII осиёӣ бар тими Умон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳхат гирифт. Голи ягонаро дар ин бозӣ Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 90+2 зад.

Тавре Кумитаи миллии олимии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар бозии дигари гурӯҳи «С» тими Фаластин аз мунтахаби Сингапур бо натиҷаи 1:2 шикаст хӯрд. Аммо бо ин вуҷуд тими Фаластин бо 6 имтиёз дар мақоми аввал монд. Тоҷикистон низ баъди пирӯзӣ бар Умон соҳиби 6 имтиёз шуд, вале футболбозони тоҷик аз нигоҳи таносуби тӯбҳо аз тими Фаластин ақиб мемонанд ва ҳам рақобати байни ин ду тим низ рӯзи 17 сентябр ба фоидаи фаластиниҳо анҷом ёфта буд.

Гуфта мешавад, Сингапур бо вуҷуди пирӯзӣ дар даври сеюм бо 4 имтиёз дар мақоми сеюм монд ва аз ҳаққи идомаи ширкат дар мусобиқот маҳрум шуд. Тими Умон, ки дар 3 бозӣ ҳамагӣ 1 имтиёз ба даст овардааст, дар гурӯҳи «С» ҷои охиринро гирифт ва низ ба хона бармегардад.

Қобили зикр аст, ки рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар 1/8 финал ғолиби гурӯҳи «D» -мунтахаби Ироқ – мебошад. Ин бозӣ 26-уми сентябр дар варзишгоҳи «Хвасон»-и шаҳри Хвасон соати 12.00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.  Дарвоқеъ, мунтахаби Ироқ дар сабқати гурӯҳӣ бар тимҳои Непал (4:0), Ҷопон (3:1) ва Кувайт (3:0) пирӯз шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.