Машқҳои муштараки низомӣ-тактикии мақомоти милисаи Тоҷикистону Чин

Рӯзи 20-уми сентябр вохӯрии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо муовини вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Вэй доир гардид. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни мулоқотт  тарафҳо масоили мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба […]

ASIA-Plus



Рӯзи 20-уми сентябр вохӯрии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо муовини вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Вэй доир гардид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни мулоқотт  тарафҳо масоили мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин оид ба амалисозии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самти муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм табодули афкор сурат гирифт.

Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар Тоҷикистон гузаронидани машқҳои муштараки низомӣ-тактикӣ дар шароити кӯҳсор мавриди муҳокима қарор дода шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.