Собиқ мушовири президент меҳмони навбатии маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо»

Собиқ сардори Раёсати корҳои дохилии пойтахт ва собиқ мушовиир президенти Тоҷикистон, ҳамраиси комиссияи оташбаси ҳукумат ва иттиҳоди мухолифин Зафар Икромов меҳмони навбатии маҳфили «Гуфтугӯи тамддунҳо» шуда, андешаҳои худро доир ба даргириҳо ва расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон иброз медорад. Роҳбари Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» профессор Иброҳим Усмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки […]

Аваз Юлдошев



Собиқ сардори Раёсати корҳои дохилии пойтахт ва собиқ мушовиир президенти Тоҷикистон, ҳамраиси комиссияи оташбаси ҳукумат ва иттиҳоди мухолифин Зафар Икромов меҳмони навбатии маҳфили «Гуфтугӯи тамддунҳо» шуда, андешаҳои худро доир ба даргириҳо ва расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон иброз медорад.

Роҳбари Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» профессор Иброҳим Усмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки суҳбат бо Зафар Икромов соати 17-и санаи 25-уми октябр дар маркази савдои «Пойтахт» доир мегардад.

Полковник Зафар Икромов солҳои тӯлонӣ раҳбарии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакиро бар дӯш дошта, дар вилояти Суғд ба ҳайси муовини раиси Раёсати корҳои дохилии вилоят фаъолият намудааст ва дар доираҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун корманди ҳирфаии шуъбаи кофтукови ҷиноӣ маъруф аст.

Пас аз барканор гардидан аз мансаби мушовири президенти кишвар оид ба масоили ҳуқуқӣ, З.Икромов, ки фаъолона бо журналистон мусоҳибаҳо анҷом медоду фикру андешаҳояшро оид ба ин ё он рӯйдоди муҳим баён мекард, тайи солҳои ахир худро аз матбуот канор гирифт.

Ба андешаи коршиносон, Зафар Икромов дар ноил гардидан ба сулҳу ризоият дар Тоҷикистон саҳми босазо дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.