Муҳлати ҳабси адвокати Зайд Саидов боз ду моҳ дароз шуд

Муҳлати ҳабси Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов боз ду моҳи дигар – то 21-уми ноябр дароз карда шуд. Раҳматилло Зойиров, адвокати Шуҳрат Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки рӯзи 19-уми сентябр ин қарор қабул шудааст. Ба гуфтаи ӯ, корманди Агентии зиддифасод аз суд дархост намудааст, ки бинобар сабаби душвории тафтиши […]

Мавзуна Абдуллоева



Муҳлати ҳабси Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов боз ду моҳи дигар – то 21-уми ноябр дароз карда шуд.

Раҳматилло Зойиров, адвокати Шуҳрат Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки рӯзи 19-уми сентябр ин қарор қабул шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, корманди Агентии зиддифасод аз суд дархост намудааст, ки бинобар сабаби душвории тафтиши парванда, муҳлати ҳабси гумонбаршуда боз ду моҳи дигар дароз карда шавад ва дар навбати худ, суд ин дархостро қонеъ намудааст.

Шуҳрат Қудратов 21-уми июли соли равон боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии зидддивасод нигаҳдорӣ мешуд. Баъдан ӯро ба тавкифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузарониданд. Худи ҳамон рӯз нисбати ӯ мутобиқи моддаҳои 36 (Шарикони ҷиноят), 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суиқасди ҷиноят) ва 320 (Додани пора)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвнадаи ҷиноӣ боз шуд.

Зойиров қайд кард, ки аз болои қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикояти кассатсионӣ бурданист. «Чунки барои таҳти ҳасб қарор доштани зерҳимояи ман боз муддати 2 моҳи дигар ҳеҷ зарурате нест. Ӯро мебояд таҳти забонхати тарк накардани маҳалли сукунат озод кард», – гуфт номбурда.

Қаблан дар робита ба ин қазия

иттилоъ дода будем,

ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сабти аудиоиеро, ки бояд дар он гунаҳкории Шӯҳрат Қудратов собит шавад, ба адвокати ӯ Раҳматилло Зойиров дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.