Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Таъмини аҳолии кишвар дар зимистони соли 2014 бо маҳсулоти кишоварзӣ ва нархгузорӣ дар бозорҳои ҶТ» брифинг доир мегардад. Оғоз соати 10-00; – Дафтари Созмони байнулмилалии меҳнат бо иштироки Юхани Тойвонен, сафири Вазорати корҳои хориҷии Финландия, ки сарпарасти лоиҳа аст, барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ маросими […]

ASIA-Plus



Анонс



– Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Таъмини аҳолии кишвар дар зимистони соли 2014 бо маҳсулоти кишоварзӣ ва нархгузорӣ дар бозорҳои ҶТ» брифинг доир мегардад. Оғоз соати 10-00;

– Дафтари Созмони байнулмилалии меҳнат бо иштироки Юхани Тойвонен, сафири Вазорати корҳои хориҷии Финландия, ки сарпарасти лоиҳа аст, барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ маросими расмии муаррифии марҳилаи 2-юми лоиҳаи « Рафъи буҳрон ва таъмини меҳнати шоиста ва бехатар»-ро барпо мекунад. Маросими муаррфӣ аз соати 09-00 то 12-00 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ гузаронида мешавад;

– Дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» таҳти унвони «Чорисозии механизмҳои нави маблағгузорӣ ба тандурустӣ» форуми байнулмилалӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 08-30.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9899

сомонӣ;


1

евро –

6.4160

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.129


3



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1991

– Дар иҷлосияи фавқулоддаи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ раиси парлумон Қ.Аслонов истеъфо дода, раиси Шӯрои Олӣ Раҳмон Набиев интихоб шуд.


2013

— Эмомалӣ Раҳмон дар кори нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СААД дар Сочи ширкат варзид, ки дар он оид ба кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими марзи давлатӣ аз ҷониби созмон тасмим гирифта шуд.


1931

– Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Аврод Бурҳонов.


1947

– Мавлуди иқтисодчӣ Тоҳир Абдуллоев.


1953

– Зодрӯзи сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ Иззатулло Шарифов.


1954

– Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшо Раҳматуллоев.


1959

– Зодрӯзи коргардони театр, Арбоби шоистаи Тоҷикистон Бурҳониддин Раҷабов.


1960

– Мавлуди журналист Мамадалии Бахтиёр.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +26+31.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +19+24.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +6+11, рӯзона +25+30;  дар шарқи вилоят шабона -3+2, рӯзона +11+16.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +23+28.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +28+30.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +26+28.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.