Кӯмаки грантии Япония барои лоиҳаи “Беҳтарсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

JICA

Душанбе, 29 сентябри соли 2014: Имрӯз миёни Сафири Ҷопон дар ҶТ оқои  Камада Такаши ва Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) хонум Раҳмон Озода Эмомалӣ маросими мубодилаи Ёддошт марбут ба татбиқи лоиҳа дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор гардид. Бад аз ин маросим Созишномаи грантӣ оиди лоиҳаи «Беҳтарсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз ҷониби Ноиби […]

Душанбе, 29 сентябри соли 2014: Имрӯз миёни Сафири Ҷопон дар ҶТ оқои  Камада Такаши ва Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) хонум Раҳмон Озода Эмомалӣ маросими мубодилаи Ёддошт марбут ба татбиқи лоиҳа дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор гардид. Бад аз ин маросим Созишномаи грантӣ оиди лоиҳаи «Беҳтарсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз ҷониби Ноиби калони Президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилаллӣ (JICA) оқои Домичи Хидеаки ва Вазири молияи ҶТ оқои КурбоновАбдусаломба имзо расид. Дар чаҳорчубаи лоиҳаи мазкур Ҳукумати Япония, таввасути JICA, ба Ҳукумати ҶТ 1.9 милиард йени ҷопонӣ (тақрибан 93 миллион сомонӣ бо қурби феълӣ) ҷудо менамояд, ки ин маблағ ба сохтмони терминали боркашӣ ва насби системаи чароғакҳои равшандиҳанда барои фурудшавии ҳавопаймо (PALS) ва системаи инструменталии фурудшавии ҳавопаймо (ILS) дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нигаронида шудааст.

Дар Тоҷикистон, мамлакате, ки дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дорад, соҳаи авиатсия барои кашонидани бор ва мусофирон ва робита бо дигар давлатҳо нақши муҳимро мебозад. Дар солҳои 2009-2013 шумораи мусофироне, ки аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истифода бурданд, солона аз 15 то 18 фоиз зиёд шуд. Теъдоди бор ҳам зиёд шуд.  Новобаста аз мавҷуд будани ниёз ба таъминоти бехатарӣ ва фаъолияти мунтаззами фурудгоҳ, бо сабаби туманнокӣ ва дигар ҳолатҳои номусоиди обу ҳаво, бекоркунии рейсҳо вуҷуд дорад. Ин гувоҳи аз он медиҳад, ки насби таҷҳизоти бехатарии навигатсияи авиатсионӣ барои фурудгоҳ хеле муҳим мебошад. Фарсудашавии терминали боркашӣ, ки 50 сол пеш сохта шуда буд, масъалаи ҷидди мебошад, ки назорати ҳарорати ҳаво ва идораи борҳои ҳаҷмашон калонро мушкил месозад. Аз ин лиҳоз, сохмони терминали боркашӣ ба тақсимкунии мунтаззами борҳо мусоидат мекунад.

Лоиҳаи “Беҳтарсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” системаи бехатарии фурудшавии ҳавопаймоҳоро ва инфрасохтори терминали боркаширо беҳтар месозад, ки ин дар навбати худ, бехатарии фаъолияти авиатсионӣ ва тақсимкунии борро боло мебарад.

Илова бар кӯмаки грантии мазкур, JICA барои коргарони фурудгоҳи байналмилалӣ барномаи омӯзиши оиди бехатарии авиатсионӣ мегузаронад, ки ин ҳама гувоҳи аз расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ва судманд баҳри мусоидат ба самаранокии фаъолияти фурудгоҳ ва бехатарии он медиҳад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.