Гузашти низомӣ ба муносибати солгарди таъсиси Гвардияи миллӣ

Date:



Ба муносибати ҷашни солгарди навбатии таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Душанбе гузашти низомӣ доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, ин чорабинӣ дар маркази таълимии Гвардияи миллӣ доир гардида, дар он аз иштироки беш аз 4 ҳазор нафар афсарону сарбозон интизорӣ меравад.

Ба иттилои манбаъ, ба ҷуз сарбозону афсарони Гвардияи миллӣ, дар гузашти низомӣ ҳамчунин воҳидҳои ҷудогонаи ВКД, Вазорати мудофиа, нерӯҳои марзбонӣ ва дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ низ ширкат меварзанд.

Қобили зикр аст, ки Гвардияи миллии Тоҷикистон, ки қаблан Гвардияи президентӣ ном дошт, моҳи сентябри соли 1995 таъсис  дода шуд. Моҳи январи соли 2004 Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдили ном кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...