Тамоили афзоиши бақияи умумии қарзҳо дар бонкҳои ҷумҳурӣ

Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба аввали моҳи сентябри соли равон ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии кишвар ҳудуди 30% афзуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, таҳлил ва ҷамъбасти бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави кишвар дар моҳи августи соли равон нишон додааст, ки нишондиҳандаи мазкур ба 8 млрд. 944,6 […]



Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба аввали моҳи сентябри соли равон ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии кишвар ҳудуди 30% афзуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, таҳлил ва ҷамъбасти бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави кишвар дар моҳи августи соли равон нишон додааст, ки нишондиҳандаи мазкур ба 8 млрд. 944,6 млн. сомонӣ (беш аз 1,8 млрд. $) баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,9 фоиз зиёд шудааст.

«Чун моҳи гузашта дар ин давра низ раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат идома ёфта, зиёда аз 3,8 млрд. сомониро ташкил дод», – омадааст дар хабар.          

Ба иттилои манбаъ, фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 24,95 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,23 фоизи солонаро ташкил намуданд.

«Бинобар зиёд гардидани талаботи аҳолӣ ба қарзҳои хурд ҳаҷми ин намуди хизматрасонии бонкӣ дар моҳи август раванди афзоишро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 28,6 фоиз зиёд шуд. Аз он ҷумла, 745,8 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 24,1 фоиз зиёд мебошад», – зикр мегардад дар маълумоти БМТ.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.