Кумаки ҳукумати ИМА ба муассисаҳои тандурустии деҳоти вилояти Хатлон

Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт маводҳои тиббиро барои сокинони вилояти Хатлон ба сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон  ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Шерали Раҳматуллоев ба таври расмӣ супорид. Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар ин маросим намояндагони Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ […]



Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт маводҳои тиббиро барои сокинони вилояти Хатлон ба сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон  ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Шерали Раҳматуллоев ба таври расмӣ супорид.

Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар ин маросим намояндагони Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва созмони байналмиллалии “Ҳайати шафқат” низ дар якҷоягӣ бо намояндагони Ҳукумати вилояти Хатлон, ҳукуматҳои ноҳияҳо ва кормандони марказҳои саломатӣ ширкат варзиданд.

Дар чорабинии мазкур маводҳои тиббӣ минҷумла вазнченкунакҳо, мавод барои санҷиши фишори хун (тонометрҳо), стетоскопҳо, термометрҳо ва ғайра барои 355 муассисаҳои тандурустии деҳот бо мақсади беҳтар гардонидани ёрии аввалияи тиббӣ, махсусан ба модарон ва кӯдакон дар вилояти Хатлон тақдим гардиданд.  Ин маросим  аҳамияти хизматрасонии баландсифати тиббиро дар пешгирӣ ва табобати оқибатҳои норасоии ғизо дар вилояти Хатлон таъкид намуд. Таъмини асбобҳои тиббӣ бо дастгирии лоиҳаи USAID “Солимии модар ва кӯдак”, ки аз чониби созмони байналмилалии “Ҳайати шафқат” амалӣ мегардад, имконпазир гардид.

«Мо тасмим гирифтаем, ки сатҳи норасоии ғизо ва солимии кӯдакро тавассути сармоягузории соҳаи тандурустӣ беҳтар намуда, фардо шоҳиди рушди устувор ва нашъунамои иқтисоди ҷомеаҳои алоҳида, вилоят ва дар маҷмуъ миллат, гардем», қайд намуд сафир Эллиотт дар суханронии хеш.

Ҳукумати ИМА баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар ҳамроҳӣ бо шарикони хеш ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳияҳо ва вилоят дар ҷомеаҳои камбизоаттарин фаъолияти хешро пиёда намудааст.  Диққати махсус ба модарони ҷавон ва кӯдакони хурдсол, ки дар зери хатари норасогии ғизо ва солимии ноустувор қарор доранд, дода мешавад. Ҳукумати ИМА тасмим гирифтааст, ки то анҷоми лоиҳа дар моҳи сентябри соли 2016 вазъи саломатӣ ва ғизои зиёда аз 300,000 занҳои қобили таваллуд ва 220,000 кӯдакони сини то панҷсоларо беҳтар гардонад.

Лоиҳаи USAID “Солимии модар ва кӯдак” яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасон мебошад, ки амалӣ гаштани он бо шарофати кӯмакҳои мардуми ИМА тавассути USAID имконпазир гардидааст. Аз соли 1992 инҷониб, Сафорати ИМА дар Душанбе тавассути барномаҳои мухталиф ҷиҳати дастгирӣ намудани соҳаи амният, ниҳодҳои демократӣ, соҳаи ичтимоӣ ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоро ҷудо намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.