Эмомалӣ Раҳмонро бо Авраам Линколн, де Голл ва Отатурк қиёс намуданд

Санаи 5-уми октябр, дар зодрӯзи президенти Тоҷикистон дар сомонаи АМИТ «Ховар» таҳти унвони «Президенти мрадумӣ» мақолаи Саидмурод Фаттоев ва Мансур Сайфиддинов ба нашр расид, ки ба 20-солагии сари мансаби сарвари давлат қарор доштани Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Муаллифони мақола зикр мкунанд, ки «хидматҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар назди Ватан ва миллат бо саҳме, ки Авраам Линколн, […]

ASIA-Plus



Санаи 5-уми октябр, дар зодрӯзи президенти Тоҷикистон дар сомонаи АМИТ «Ховар» таҳти унвони «Президенти мрадумӣ» мақолаи Саидмурод Фаттоев ва Мансур Сайфиддинов ба нашр расид, ки ба 20-солагии сари мансаби сарвари давлат қарор доштани Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.

Муаллифони мақола зикр мкунанд, ки «хидматҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар назди Ватан ва миллат бо саҳме, ки Авраам Линколн, де Голл, Камол Отатурк ва дигар шахсиятҳои сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ дар замонҳои гуногун дар роҳи рушди кишварҳои худ гузоштаанд, метавон қиёс намуд. Ва имрўз ин воқеият комилан мусаллам аст.

Муаллифон изҳор медоранд, ки ҳангоме ки Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 арвари давлат ва пас аз ду соли дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, на ҳамаи ин зинаҳоро гузашта буд ва аз таҷрибаи сиёсии кофӣ бархӯрдор набуд.

«Ҳадди ақал ба ҳаёти нахустин президентҳои ҷумҳуриҳои собиқ Шарқи Шўравӣ – Назарбоев, Акаев, Каримов, Ниёзов, Алиев, Шеварнадзе назаре биандозед: ҳамаи онҳо дар гузашта дар мақомоти баланди ҳизбӣ ва давлатӣ ифои вазифа намудаанд, мактаби бузурги фаъолияти идориро гузаштаанд, ба кишварҳои зиёди ҷаҳон сафар кардаанд. Бо вуҷуди ин Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат шахси тасодуфӣ нест. Дар ин бора аз ҷумла чунин далел шаҳодат медиҳад, ки Президенти мо дар тўли бист соли охир ба давлат сарварӣ менамояд. Ва он солҳо чӣ солҳое буданд!», – менависанд муаллифон.

Дар мақола асрори комёбии президенти Тоҷикистон баррасӣ шудааст.Нахуст муаллифон менависанд, дар урфият чунин таъбирҳо роиҷанд: “ба халқ наздик”, “аз миёни мардум баромадааст”, “фарзанди халқ”, “вакили мардум” ва ғайра. Ин суханон ҳосили мушоҳидаву таҷрибаи мардуманд ва ҳар кадом дорои маънии амиқ аст. Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин гуна фарзанди халқ аст.

Сипас зикр мегардад, ки вай ҳамеша бо халқ ва дар миёни халқ буд. Аз ин рў, Президенти мо хислати мардумӣ дорад, ки он бо сифатҳои халқи тоҷик, аз қабили заҳматдўстӣ, иродаи қавӣ, хушзеҳнӣ, сабурӣ, дили кушод, хайрхоҳӣ, оштинопазирӣ бо душманони миллат, сарбаландӣ, устуворӣ дар рўбарўи мушкилот, тахайюлу тафаккури бадеӣ, шавқи шеърдўстӣ, идораи эҳсосот, ҳамбастагии нияти неку саъю кўшиш тавъам аст. Ин сифатҳо на фақат марбут ба мардуманд, балки аз хислатҳои зарурии сиёсатмадор ва раҳбари сиёсианд.

Гуфта мешавад, инак, асрори муваффақияти Эмомалӣ Раҳмон мисли ҳақиқат сода аст: зарурати дорои сифатҳои мардумӣ будан. Зимнан, чунон ки гуфтем, вай чунин сифатҳоро дорост. Сирри дигари муваффақияти ў (ба сифати идомаи мустақими сирри аввал) аз сиёсат иборат аст. Ба ин маънӣ, ки вай на фақат беҳтарин сифатҳоро аз мардум қабул намудааст, балки ба халқ хидмат низ мекунад. Хидмате бо шўру шавқ, хидмате бо эътимод ва пайгирона! Ў бо тамоми неру ва ҷаҳду кўшиш, ки лаёқаташро дорад, хидмат мекунад ва лаёқату маҳорати вай камназир аст. Вақте ки чунин манбаи қавии нерӯ -хидмат ба халқ – вуҷуд дорад, дар он сурат самараи он бидуни интизорӣ зуд зоҳир мешавад.

Савумин шохиси симои сиёсии Эмомалӣ Раҳмон аз омўхтану сабақ гирифтан иборат аст. Дар ҷараёни кор ва сари роҳ ҳамзамон бо дарку шинохти воқеият омўхтану дониш андўхтан сифати муҳими сиёсатмадор маҳсуб мешавад. Яъне, омўхтан аз ҳама: аз ҳамсафон, ҳамтоён, аз рақибони сиёсӣ, ҳамкорони собиқадору соҳибтаҷриба, дўстони ҳамкор, шаҳрвандони мансуб ба қишрҳои гуногуни ҷомеа ва аз ҳамаи касоне, ки дар майдони пуртаҳликаи идораи давлат рў ба рў меоянд. Сабақ гирифтан аз хатову иштибоҳҳои худ.

Дар бисёре аз маворид мегўянд: одам сарбоз ба дунё намеояд, балки чун сарбоз ташаккул меёбад. Ин ҳақиқат аст, аммо сиёсат чизест дигар.

Барои сиёсатмадори асил шудан сиёсатмадор ба дунё омадан лозим аст. Ҳатман нисбат ба сиёсат шавқу ҳавас ва иштиёқ бояд дошт. Президенти мо

сиёсатмадори модарзодест. Ин сифат шохиси чаҳоруми симои ўст ба ҳайси сиёсатмадори баландпоя, сифатест, ки муваффақиятҳои ўро афзун месозад. Ва ниҳоят, шохиси панҷум. Ҷаҳду талош дар роҳи хидмат ба халқ, ҳифзи манфиатҳои мардум ҳанўз наметавонад зомини он бошад, ки манфиатҳои мардум дар ҳақиқат амиқ дарк мешаванд ва ба таври амиқ дар зиндагӣ татбиқ мегарданд. Дар ин бобат иловатан ҳисси дурӣ ҷустан аз иштибоҳи сиёсиро низ доштан зарур аст.

Матни пурраи мақола бо

суроғаи зер

қобили дарёфт аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.