Боздиди президент аз ноҳияҳои Қумсангир ва Румӣ

Дар доираи сафар ба чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Қумсангир ва Ҷалолиддини Румӣ боздид намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни боздиди президенти мамлакат аз аз ноҳияи Қумсангир ӯ ба ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои […]



Дар доираи сафар ба чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Қумсангир ва Ҷалолиддини Румӣ боздид намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни боздиди президенти мамлакат аз аз ноҳияи Қумсангир ӯ ба ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020 шинос шуд.

Тибқи барномаи маҳаллӣ дар солҳои номбурда дар ноҳияи Қумсангир 6500 га замин обёрӣ мешаванд ва ё тавассути барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд. Барои амалӣ намудани ин тадбир ҷалби беш аз 100 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони ватанию хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Дар доираи татбиқи ин барнома маҳаллаҳои нави аҳолинишин бо зербинои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу бемористонҳо бунёд ёфта, беш аз 18 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад. Аз ҳозир ба ин мавзеъҳо аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои кишвар барои кор ва зисти доимӣ ҷалб мешаванд. Мардуми аз дигар минтақаҳо ба ин ҷойҳо кӯчида солҳои аввал бепардохти андоз ва дигар имтиёзҳо кору зиндагӣ хоҳанд кард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияи Қумсангир мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дода, барои таъмини рушди босуботи минбаъдаи ин ноҳия ба сохторҳои масъули ҷумҳуриявию маҳаллӣ супоришҳои мушаххас дод.

Дар идома сарвари давлат сафари худро ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ идома дода, дар ҷамоати Навободи ноҳия ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33, ки барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, асос гузошт. Ин бинои нави муассисаи таълимӣ бо харҷи 15 миллион сомонӣ бунёд гардида, аз 4 бинои асосӣ иборат хоҳад буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ дар назди мардуми сершумори ҷамъомада, суханрони карда, онҳоро бо оғози сохтмони мактаби нави муосир ва ҳамчунин бо Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфт.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки мактаби кӯҳнаи ин деҳаро ба кӯдакистон ва коргоҳи дӯзандагӣ табдил диҳанд. Тибқи супориши дигари Сарвари давлат беморхонаи ҷамоати Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мавриди навсозии куллӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.