Губернатори Санкт-Петербург ба Душанбе меояд

Чанде қабл дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа масоили марбут ба омодагӣ ба истиқболи тантанаҳои марбут ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба иттилои манбаъ, Маҳмадсаид […]



Чанде қабл дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа масоили марбут ба омодагӣ ба истиқболи тантанаҳои марбут ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати мубрамияти масъала, ки  пазиройии ҷашн 11 октябри соли равон тариқи роҳандозии маъракаи ободонии дастаҷамъонаи ҳар як сокини шаҳр аз хонаву дар, ҳавливу кӯча, шаҳраку маҳалла, гулгашту боғҳо таҳти шиори «Мо метавонем!» оғоз мегардад, бо мақсади ҳадафманд баргузор намудани ин чорабинии умумишаҳрӣ ба масъулини шаҳрдорӣ ва раисони ноҳияҳо дастур фармуд, ки нақшаи фарогирии тамоми марзи шаҳри Душанберо бо корҳои ободонӣ таҳия намуда, сафарбаршавандагони маъракаро дар ҷойҳо бо олотҳои меҳнат ва техникаҳои зарурӣ таъмин созанд.

Гуфта мешавад, раиси пойтахт ҳамчунин дастур дод, ки барои то ҷашн тибқи технологияҳои муҷассаманигаҳдорӣ ба ифоқа овардани намои тамоми ҳайкалу муҷассамаҳои дар шаҳр мавҷудбуда чораҳои амалӣ андешида шаванд.

«Идома бар он аз ҷониби раиси шаҳр ба тақвими чорабиниҳои дар партави ҷашнвора баргузориашон тарҳрезишуда тағйирот ворид карда шуда, мутобиқ ба он бо дарназардошти бо иштироки бевоситаи губернатори шаҳри Санкт-Петербург ҷаноби Полтавченко Г.С. пешбинӣ гардидани баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе, санаи ин чорабинӣ 7-8 ноябри соли 2014 муқаррар гардид», – омадааст дар хабари мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.