Ҳалокати 5 нафар дар садамаҳои нақлиёти рӯзҳои истироҳат

Дар садамаҳои нақлиёт, ки рӯзҳои истироҳати сипаришуда дар минтақаҳои гуногуни кишвар рух доданд, 5 нафар ҳалок шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ронадаи автомашинаи тамғаи «Муссо», сокини 40-солаи шаҳри Истаравшан Бобоназар Абдуллоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 200 метр чаппа шудааст, ки дар натиҷа, ронанда […]



Дар садамаҳои нақлиёт, ки рӯзҳои истироҳати сипаришуда дар минтақаҳои гуногуни кишвар рух доданд, 5 нафар ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ронадаи автомашинаи тамғаи «Муссо», сокини 40-солаи шаҳри Истаравшан Бобоназар Абдуллоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 200 метр чаппа шудааст, ки дар натиҷа, ронанда ва мусофираш Мазбутов Мусоҷони 24-сола, сокини шаҳри Истаравшан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер» Муҳаммадиев Хайруллои 24-сола, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сарикиштӣ ба самти маркази ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавониста, пиёдагарди ноболиғ Юлдошев Маҳмадраҷаби 9-сола, сокини ҳамин деҳаро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Алиев Саймузаффари 63-сола, истиқоматкунандаи н.Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Кӯлоб ба самти ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира, ки таҳти идораи ронанда Сафаров Бобоҷони 29-сола, сокини ҳамин ноҳия қарор дошт, бармехӯрад. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи «Опел-Вектра» Алиев С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат мерасад.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел» Ғафуров Рустамҷони 29-сола, истиқоматкунандаи н.Ашт дар вақти ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди ҳудуди деҳаи Аппони ноҳияи мазкур, ногаҳон дари автомашинаи мазкур кушода шуда, мусофири автомашина, ҳамсараш Ғафурова Гулчеҳраи 27-сола, сокини ҳамин ноҳия ба замин афтида, аз ҷароҳати вазнини бардоштааш, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.