Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон тақрибан 80% афзуд

Аз оғози сол дар Тоҷикистон беш аз 610 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 273 ҳазор тонна ё худ тақрибан 80% зиёдтар аст. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар доданд, аз ҳаҷми умумии ангишти истихроҷшуда 80%-аш ба корхонаҳои саноатӣ рост омада, тайи моҳҳои ахир […]

ASIA-Plus



Аз оғози сол дар Тоҷикистон беш аз 610 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 273 ҳазор тонна ё худ тақрибан 80% зиёдтар аст.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар доданд, аз ҳаҷми умумии ангишти истихроҷшуда 80%-аш ба корхонаҳои саноатӣ рост омада, тайи моҳҳои ахир ангиштканон истихроҷи шабонарӯзии онро то 4,5 ҳазор тонна расонидаанд.

«Айни замон дар анборҳои корхонаҳои саноатӣ ва нуқтаҳои фурӯш барои аҳолӣ ҳудуди 70 ҳазор тонна ангишт захира шудааст», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорат, феълан зиёда аз 160 корхонаҳои саноатии кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар муқоиса бо соли 2012 соли гузашта истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 25% афзуда, ба 518 ҳазор тонна расид. Ҳаҷми ангишти фурӯхташуда ба истеъмолгарон бошад, аз 424 ҳазор то ба 482 ҳазор тонна расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.