Нигаронии Э.Раҳмон аз коҳиши истеҳсоли пахта ва сабзавоту мева дар Хуросон

Дар доираи сафар ба минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳолии ноҳия мулоқот кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ назди ҳозирин Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарияти ноҳия оид ба дастгирии тиҷорати хусусӣ, рушди бахши аграрӣ ва бахши саноат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Президент таъкид […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафар ба минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳолии ноҳия мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ назди ҳозирин Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарияти ноҳия оид ба дастгирии тиҷорати хусусӣ, рушди бахши аграрӣ ва бахши саноат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Президент таъкид дошт, ки дар давоми 10 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои тараққиёти ноҳия зиёда аз 223 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки қисми зиёди ин маблағҳо барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ харҷ шудаанд.

«Ҳоло беш аз 70 фоизи аҳолии ноҳияи Хуросон ба соҳаи кишоварзӣ машғул мебошанд, аммо соли ҷорӣ майдони кишти зироат нисбат ба як соли қабл зиёда аз 2 ҳазор гектар кам гардида, истеҳсоли пахта, сабзавоту полезӣ ва пилла коҳиш ёфтааст», – изҳори нигаронӣ кард сарвари давлат.

То мулоқот бо фаъолон ва аҳолии ноҳия дар ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии зотпарварии Саодат дидан карда, коргоҳи коркарди шири онро расман ба кор даровард, ки дар як шабонарӯз 3,5 тонна шир истеҳсол мекунад. Ғайр аз ин, дар корхонаи мазкур дар як шабонарӯз беш аз 1,5 тонна маҳсулоти ширӣ низ истеҳсол мегардад.

Зимни боздид, аз ҷумла аён гардид, ки дар фермаи зотпарварии ин хоҷагӣ барои парвариши беш аз 1000 сар чорвои калони хушзоти ширию гӯштӣ шароити инноватсионӣ бо технологияи олмонӣ муҳайё карда шудааст. Ҳоло дар ин ферма 332 сар чорвои хушзоти Сементал, ки зоти гӯштию ширӣ ба шумор меравад, парвариш меёбад. Аз ин шумора 120 сар модаговҳои ҷӯшо ва 132 сар гӯсола ва буқачаҳои наслдиҳанда мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.