Раҳимзода: Мардуми тоҷик ба такрори рӯйдодҳои солҳои 90-ум роҳ намедиҳад

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфтааст, шахсоне, ки ба гирдиҳамойии ғайриқонунии эътирозӣ алайҳи ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунанд, ҷинояткороне мебошанд, ки дар пайгарди қонунии байнидавлатӣ қарор доранд. Дар ин бора агентии ТАСС бо истинод ба Рамазон Раҳимзода хабар медиҳад. «Онҳо ҷиноятҳои сершуморе содир намуда, ҷомеа аз онҳо пуштибонӣ намекунад», – таъкид доштааст ӯ. Ба гуфтаи […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфтааст, шахсоне, ки ба гирдиҳамойии ғайриқонунии эътирозӣ алайҳи ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунанд, ҷинояткороне мебошанд, ки дар пайгарди қонунии байнидавлатӣ қарор доранд. Дар ин бора агентии ТАСС бо истинод ба Рамазон Раҳимзода хабар медиҳад.

«Онҳо ҷиноятҳои сершуморе содир намуда, ҷомеа аз онҳо пуштибонӣ намекунад», – таъкид доштааст ӯ. Ба гуфтаи вазир, муаллифони даъватҳо, аз ҷумла пешвоёни ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи24», ки дар хориҷи кишвар паноҳгоҳ ёфтаанд, «ният доранд, ки вазъро ноором сохта, дар ҷомеа ҷудоӣ андозанд, яъне барои пулҳои гирифтаашон аз «корфармоҳо»-и хориҷии худ ҷавоб гӯянд».

Раҳимзода қайд кардааст, ки сохторҳои қудратии кишвар вазъро таҳти назорат қарор дода, миёни аҳолӣ тадбирҳои пешгирӣ аз пазируфтани ин даъватҳоро ба роҳ мондаанд. «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, аммо дар ҳама гуна вақт метавонанд пурзӯр карда шаванд», – иброз доштааст ӯ.

Вазир чунин ибрози анеша кардааст, ки мардуми Тоҷикистон, ки аввали солҳои 1990 ҷанги харобиовари панҷсоларо паси сар намуд, дигар шефтаи иғвогариҳои ифротгароёни нав нашуда, ба халалдор кардани сулҳу осоиш ва ваҳдати миллии кишвар роҳ намедиҳад.

«Ҳеҷ коре аз дасташон намеояд, ба ин роҳ намедиҳем, зеро мардуми мо дарси начандон дури низоъи шаҳрвандиро, ки ба ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта ва харобии иқтисод боис гардидаву ҷумҳуриро ба даҳҳо сол аз рушд боздошт, хуб аз бар намуд», – таъкид доштааст Рамазон Раҳимзода.

Дар ҳамин ҳол, тайи моҳи ахир «Гурӯҳи 24» дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар фаъол гардида, аҳолии Тоҷикистонро ба нишони эътироз ба ҳукумати кунунӣ санаи 10-уми октябр ба гирдиҳамойӣ дар майдони марказии «Дӯстӣ» даъват мекунад. Дар ин рӯз сарвари давлати Тоҷикистон дар кори нишасти ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дар Минск ҳузур хоҳад дошт.

Тобистони соли 2012 Умаралӣ Қувватов баъди маҷбуран тарк кардани Тоҷикистон, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро таъсис дод. Ӯ чандин маротиба дар ВАО ҳукуматдорони Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор додааст.

Чанд рӯз қабл Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба

эълон намудани “Гурӯҳи 24” ҳамчун ташкилоти ифротгаро

(экстремистӣ) ва манъ кардани фаъолияти он аризаи даъвогӣ пешниҳод намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.