Бо ташаббуси раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода соли 2015 дар шаҳр «Соли гулкорӣ ва ободкорӣ дар маҳаллаҳо» эълон шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, вобаста ба ин масъала Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи корӣ ба муовинон ва мудирони шӯъбаҳои дахлдор супориш дод, ки нақша-чорабиниҳои мушаххасро таҳия намуда, корҳои гулзоркунӣ ва ободониро дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд пешбинӣ намоянд.
Гуфта мешавад, раиси шаҳр таъкид намудааст, ки дар тамоми 22 маҳаллаҳои маркази вилоят бо иштироки фаъолонаи сокинони маҳалла таъмиру мумфаршкунии кӯчаҳо идома дода шуда, дар мавзеҳои оммавӣ, чойхонаҳо корҳои ободонӣ ва гулзоркунӣ вусъат дода шаванд.
Дар баробари ин Раҷаббой Аҳмадзода доир ба беҳтар намудани кору фаъолияти чойхонаҳо таъкид намуда, ба роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки барои бунёди чойхонаҳо дар маҳаллаҳо ва хусусан дар маҳаллаҳои соҳили рости Хуҷанд чораҳои амалӣ андешанд.



